Чаро дин тарсу тарбият мекунад?

Масъалае, ки имрӯзҳо боиси ақибмондагӣ ва камбизоатии аксар давлатҳои мусалмонӣ гардидааст, ин боварӣ доштан ба ризқи азалӣ ва ё ризқи илоҳӣ мебошад. Ин ақидаи нодуруст аксари пайравони динро қаноатпеша намуда, онҳоро аз саъю кӯшиш дар роҳи илму маърифат боздоштааст.

Масъалае, ки имрӯзҳо боиси ақибмондагӣ ва камбизоатии аксар давлатҳои мусалмонӣ гардидааст, ин боварӣ доштан ба ризқи азалӣ ва ё ризқи илоҳӣ мебошад. Ин ақидаи нодуруст аксари пайравони динро қаноатпеша намуда, онҳоро аз саъю кӯшиш дар роҳи илму маърифат боздоштааст.

Аз Мушфиқӣ ҷавоне пурсидааст: — Чӣ амале анҷом диҳам, ки ҳам дар ҷавонӣ ва ҳам дар пирӣ бароҳат зиндагӣ кунам? Мушфиқӣ дар ҷавоб мегӯяд: -То метавонӣ дар ҷавонӣ кайфу сафо кун, шароб нӯш бо гулрухон ишқварзӣ кун, мардумфиребӣ кун, ҳаққи мардум бихӯр ва чун пир шудӣ, риш мону кунҷи масҷид бигир ва тавба кун. Худо мегӯяд ку, ҳар он кӣ аз сидқ тавба кунад, бахшида мешавад. Ана, ту ҳам бо ин роҳ ҳам дар ҷавонӣ ва ҳам дар пирӣ лаззати дунёро хоҳӣ дид.

Аслан инсони диндор ва ё динмеҳвар дар тамоми ҳолат умед бар он дорад, ки подоши ҳар амали зишташ бо тоату ибодат пеши худои худ бахшида мешавад. Ӯро ҳеҷ касе гунаҳкор карда наметавонад, чунки амалаш аз рӯи гуфтаҳои Худову китобҳои осмонӣ сурат мегирад ва Худо ҳам барои чунин афрод имконият медиҳад, баъд аз гуноҳ аз сидқ тавба кун, бахшида мешавӣ!

Акнун мо инсонҳоро метавонем ба ду тоифа ҷудо намоем: якум, диндор. Дуюм, бедин (атеист).  Аз  ин ду тоифа яке (диндор)пеши худо ҷавоб медиҳад, бедин (атеист) бошад,  назди виҷдони хеш. Инсони диндор дар зиндагӣ иштибоҳи зиёд мекунад, чунки  умеди бахшоиш дорад, аммо бедин кам иштобоҳ мекунад, чун виҷдонаш бардошти иштибоҳро надорад.

Диндороне, ки умеди сад дар сади бахшоиш аз худои хеш дар подоши ҳар амалашон доранд, ин мусалмонҳо мебошанд, ки далели равшанаш дар давлатҳои исломии чун Афғонистон, Сурия, Ироқ, Лубнон, Покистон ва ғайраҳо мебошад, ки бо қатлу куштор, даҳшатафканӣ ва ғорати мардум ном баровардаанд.

Аслан хусусияти аслии дин карахтӣ (догма) буда, душмани демократия ва озодии сартосарӣ мебошад (аз он ҷумла дини ислом). Ҳарчанд баъзе аз динмеҳварони исломӣ даъво мекунанд, ки сарқонуни тамоми давлатҳо бардошт аз Қуръон аст, аммо ин ақида ҳеҷ қобили қабул шуда наметавонад, чун қонунҳои илоҳӣ ҳама маҳкумкунандаи озодиҳои инсонӣ мебошанд ва ҳар он ки ба гуфтаи Худо накард, тибқи қонуни илоҳӣ гирифтори азоби дӯзах хоҳад шуд. Пас ин куҷо озодист?!

Хусусияти дигари нигаронкунандаи дин ин тарбияи тарсовар мебошад, ки дар аксар маврид мо ин тарбияро аз падар ва бузургони оила мерос мегирем. Тарс аз чӣ?! Тарс аз ҳодисаҳои табиӣ, ки сабабашро намедонем. Тарс аз фарзияҳои рӯзи ҷазо ва дӯзах, тарс аз коҳинони маъмадҳо, ки таърих гувоҳ аст, чӣ қадар инсонҳои бегуноҳро танҳо барои он ки фарзияи онҳоро қабул надоранд, нобуд карданд. Тарс аз фармонравоёне, ки мазҳабро барои нигаҳдории қудрати худ истифода мебурданд ва дигарандешонро нобуд мекарданд.

Вақте ҳар инсон дар давоми зиндагӣ ба ин фарзияҳо ошно мешавад, албатта ӯ аз рӯйи зӯромад ва яъсу ноумедӣ, барои ором кардани худ аз ин фарзияҳо истифода мебарад. Аммо аз рӯйи инсоф, агар бингарем, ин амалҳо ягон қадам моро ба Худо наздик намекунад ва худошиносии моро тасдиқ намекунад ва мо ҳамоно Худоро ношинохта боқӣ мемонем. Инсон, агар хоҳад фарзандаш равшанфикру озодандеш бошад, пас ӯро бояд аз хуруфоту тарбияи тарсовари динӣ дур нигоҳ дорад. Ба ақидаи файласуфи тоҷик Комил Бекзода, “Дин ин хуруфоти расмист ва хуруфот дини ғайрирасмӣ ва ҷавҳари ҳар ду низ иштибоҳ аст”. 

Агар кӯдакро бо роҳи қонунҳои динӣ тарбия куниву барояш як чаҳорчӯбаи динӣ созӣ,  он гоҳ ӯ ба таври автоматӣ хурофотпарасту фанати динӣ мегардад, ки чунин ашхос луқмаи тайёри ҳар гуна ташкилоту  гурӯҳҳои  ифротӣ шуда метавонад.

Яҳё Маҳмаднабиев

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

23 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *