Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Чаро ду кишвари узви “НАТО-и русӣ” бо ҳам меҷанганд?

29 апрел дар марзи Қирғизистон ва Тоҷикистон байни низомиён тирпарронӣ ба амал омад. Маълум аст, ки чанд нафар (ҳануз пурра дақиқ нест)ду нафар мурдаанд. Ин ҳодиса дар маҳалли нуқтаи тақсимоти об ҳанӯз, дарзамони Шӯравӣ сохат шуда буду бо номи “Головной” машҳур аст, дар болооби дарёи Исфара рух додааст.

Дар Тоҷикистон ин қаламравро аз они худ медонанд, дар Қирғизистон онро баҳсӣ меҳисобанд. Ҳарду ҷониб якдигарро ба шиддат гирифтани авзоъ муттаҳам мекунанд ва нерӯҳои изофиро ба марз кашида истодаанд. Ҳамзамон, айни замон музокирот оғоз ёфта, вазъ ба канали дипломатӣ гузашт. Ҷолиби диққат аст, ки Қирғизистон ва Тоҷикистон побанди Русия дар Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ё СПАД мебошанд.

Қирғизҳо мегуянд…

Тибқи иттилои расонаҳои қирғизӣ, ҳамааш рӯзи 28 апрел, замоне сар шуд, ки тоҷикон шағалро дар чанд метр дуртар аз марз мефароварданд. Ҷанҷоли лафзӣ ба миён омад ва вазъ шиддат гирифт. Дар ду тарафи нуқтаи тақсимоти об тақрибан сад нафар ҷамъ омада, ба сӯи ҳамдигар санг партофтан гирифтанд. Субҳи барвақти 29 апрел, дар минтақаи Ботканд, ҷониби Тоҷикистон ба сӯи мошинҳои раҳгузари шаҳрвандони Қирғизистон аз милтиқи шикорӣ оташ кушоданд ва ба хонаҳои мутааллиқ ба қирғизҳо санг партофта шуд. Ҳамчунин, нерӯҳои амниятии Тоҷикистон ба посгоҳҳои қирғизии “Капчыгай”, “Мин-Булак”, “Достук” ва посгоҳҳои марзии “Кожогар” ва “Булак-Баши” оташ кушоданд. Дар натиҷа постгоҳи марзбонии Достук тахриб карда шуд. Дар Бишкек даъво доранд, ки ба посгоҳ аз миномёт оташ кушода шуд. Пас аз он, гурӯҳи махсуси қирғизии “Бору” посгоҳи марзии “Хоҷа Аъло” -и Тоҷикистонро тасарруф карданд.

Расонаҳои Русия видеоеро нашр карданд, ки дар он сарбозони артиши Қирғизистон пасаз гирифтани постгоҳи Тоҷикистон “аз оғози ҷанги нав шодмонӣ мекунанд”. Дар пойтахти Қирғизистон – Бишкек гирдиҳамоӣ ба тарафдории сокинони минтақаи Ботканд баргузор шуд. Ба он тақрибан сад нафар иштирок дошатнд. Онҳо пешниҳод карданд, ки рӯйхати ихтиёриёне тартиб дода шавад, ки барои ҳимояи марзҳо дар минтақаи Ботканд мераванд. Тибқи маълумоти Вазорати тандурустии кишвар, шумораи қурбониён дар марз бо Тоҷикистон ба 26 нафар расида, ду нафар фавтидаанд.

Назари Тоҷикистон…

Дар Тоҷикистон мегӯянд, ки рӯзи чоршанбеи 28 апрел шаҳрвандони Қирғизистон ба сӯи марзбононе, ки мехостанд дар ҳудуди иншооти тақсимоти оби Головной камераҳои назоратӣ насб кунанд, санг партофтанро оғоз карданд. Ин иншоот соли 1968 сохта шудааст ва барои обёрии хоҷагиҳои кишоварзии минтақаҳои наздимарзии се ҷумҳурӣ – Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон пешбинӣ шудааст. Дар натиҷаи ин ҳодиса, 28 апрел, ҳафт нафар маҷрӯҳ шуданд. Рӯзи 29 апрел артиши Қирғизистон ба сӯи марзбонони тоҷик оташ кушод. Дар Тоҷикистон ҳамсоякишварро ба кӯшиши ғасби ғайриқонунӣ ишғол кардани нуқтаи тақсимоти оби Головная дар болооби дарёи Исфара муттаҳам карданд. “Низомиёни қирғиз ба баъзе минтақаҳо , аз қабили як толори арӯсӣ ва ферма дар деҳаи Тоҷикон, бо миномётҳо оташ кушодан ва онҳоро нобуд карданд” гуфтанд мақомоти Тоҷикистон. Расонаҳои Тоҷикистон менависанд, ки бархӯрди марзбонон дар манотиқи дигар низ паҳн шудааст. Аз тирандозиҳо дар минтақаҳои Лангар, Ворух ва Чоркуҳ низ гузориш дода шудааст.

Тамоми сохторҳои қудратии кишвар ба ҳолати казармавӣ гузаронида шуданд. Ба гуфтаи ҷониби Тоҷикистон, дар ҷараёни муноқиша даҳҳо нафар захмӣ шудаанд. Видеоҳои техникаи низомӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар интернет нашр мешаванд. Дар он тирпарронӣ шунида мешавад. Шоми 29 апрел маълум шуд, ки амалиёти ҷангӣ қатъ шудааст ва ҷонибҳо ба музокирот дар сатҳи вазорати корҳои хориҷӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шурӯъ кардаанд. Созишномаи оташбас ба имзо расид. “Мо аллакай ба мувофиқа расидем, ки дар соатҳои наздик бо иштироки намояндагони мақомоти маҳаллӣ мулоқоти алоҳидаи роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва амният баргузор карда шавад. Онҳо ҷузъиёти ҳалли вазъро баррасӣ мекунанд”, гуфта мешавад дар изҳороти Тоҷикистон ва Қирғизистон. Онҳо ба мувофиқа расиданд, ки корҳои таблиғотиро дар байни сокинони минтақаи наздимарзӣ, пурзӯр кунанд. Ва инчунин гурӯҳҳои муштараки посбонӣ созмон медиҳанд. Вазирон ҳар кадоме дар алоҳидагӣ аз шаҳрвандони ду кишвар даъват карданд, ки ба иғвоҳои “қувваҳои ҷудогона” дода нашаванд. Русия низ ҳамчун миёнарав баромад хоҳад кард. Дар ояндаи наздик сарвазири Қирғизистон Улуғбек Марипов ва роҳбари ҳукумати Тоҷикистон Коҳир Расулзода барои ҳалли низоъ дар марз дар Қазон мулоқот хоҳанд кард. Ҳарду сарвазир аллакай дар Русия қарор доранд. Мулоқот дар ҷараёни нишасти Шӯрои байниҳукуматии АвруОсиё баргузор мешавад. Он рӯзи 30 апрел баргузор мешавад. Аз сабаби он, ки муноқиша ба зудӣ ба поён расид, гуфтан мумкин аст он воқеан ҳам тасодуфан ба вуҷуд омадааст. Ҳарчанд ташаннуҷ дар марз таърихи тӯлонӣ дорад.

Оксана Малахова, “Страна” Украина

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.