Чаро Меҳроб Гулмуродро меҷӯяд?

Меҳроб Юсуфов, пизишки 24-сола дар ноҳияи Варзоб, бо гумони талоши тамос бо Гулмурод Ҳалимов, полковники фирории тоҷик ва тарғиби ақидаҳои ифротӣ боздошт шудааст. Дар пайи ин амалиёт, ки рӯзи 19 октябр сурат гирифтааст, инчунин, панҷ сокини ҷамоати Чорбоғи ноҳияи Варзоб дастгир гардидаанд.

Мақомот пас аз се рӯз панҷ нафарро бо шарти берун нашудан аз маҳалли зист раҳо карданд, вале Меҳроб Юсуфов, ки муттаҳами аслӣ дар талош барои сӯҳбат бо Гулмурод Ҳалимов дониста мешавад, дар боздошт қарор дорад.

Як тан аз  мақомоти интизомӣ, ки нахостааст номаш бурда шавад,  гуфтааст, ки  Меҳроб Юсуфов тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ бо ҷавонони дар Сурия қарордошта тамос гирифта, ҳамзамон аз онҳо хоҳиш кардааст, ки барои барқарор кардани робита бо Гулмурод Ҳалимов мусоидат кунанд. Ба гуфтаи ин манбаъ, ангезаи сӯҳбати Меҳроб Юсуфов бо ҷангиёни гурӯҳи тундрави «Давлати исломӣ» ва суроғи Гулмурод Ҳалимов дар Сурия аз ҷониби ӯ таҳқиқ мешавад. Ба иттилои ӯ, то ҳол нисбат ба ин ҳолат парвандаи ҷиноӣ боз нашудааст. «Мавзӯъ таҳқиқ мешавад. Феълан маълум нест, ки ин ҷавонон аз сари ҳавову ҳавас талоши тамос бо Гулмурод Ҳалимовро кардаанд ваё воқеан андешаҳои ифротӣ дошта, пайрави чунин андеша будааст», -гуфтааст ӯ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *