Чаро модари Абдурозиқ мегиряд?

Гузорам ба дараи Шинг афтод. Мардуми ин дара соҳибистеъдоданд. Манзараҳояш нотакроранд. Ҳафткӯле, ки бо ҳафт ранг ҷило медиҳад, мисли зинаҳое, ки аз замин ба осмон қад мекашанд, дар ҳамин дара қомат рост кардаанд. Чанд рӯз қабл ҳангоми сафар ба деҳаи Фароби осмонбӯс роҳам боз ба ин гузар афтод. Ҳангоми аз купруки Шинг гузаштан, чашмам ба зане афтод, ки дар гӯшаи купрук нишаста, гиря мекард. Дӯсти ман Маҳмадюсуф, ки дар ин диёр одами машҳур аст, ба ин манзара назар андохт, гуфт:

 ⁃Солҳои пеш дар ҷое, ки зан нишаста, гиря мекунад, кӯдакеро  медидам, ки дар даст рубоб суруд мехонд. Овози ӯ аз кӯҳе ба кӯҳе бархӯрда, дар дара танин меандохт. Мусофирон мошинашонро нигоҳ медоштанд ва соате аз тамоми ғурбати дунё дар канор мешуданд.  Ва ҳоло садои булбулосои он наврасро гиряи ин зан иваз кардааст.

Дар ин асно аз ӯ пурсидам:

 ⁃Чаро ин зан гиря мекунад? 

Ӯ гуфт:

 ⁃Атрофи фарзанди ӯ ҳангома андохтаанд. Ҳанӯз 15-сола буд, ӯро блогере ба Душанбе бурд, аз он ҷо ба Маскав ва аз Маскав ба Дубай. Сипас маъракаи бадномкунии ӯро ба роҳ андохтанд. Падарашро фиреб карда, кадом як духтурро ба миён андохта бурданд. Ҳама гумон мекард, ки ӯ ин корро аз барои Аллоҳ кард, аммо маълум шуд, ин корҳо барои пул будааст. Агар он кӯдак солим мебуд, гапи дигар. Аммо Худо ӯро лоиқча офаридааст. (кӯдакони қадпаст ва аз нигоҳи ҷисмонию равонӣ рушт накардаро дар водии Зарафшон чунин ном мебаранд).

 ⁃Бале, ӯро бурданд, вале зан барои чӣ нолиш мекунад?, — пурсидам аз ҳамсуҳбатам.

 ⁃Дар ёди фарзандаш. Метарсад, ки онҳое, ки ӯро бурданд, ягон балое ба сараш наоранд. Зан менолад, ки чаро кӯдаки ӯро бурданду боз мехоҳанд бадном кунанд? Чаро мехоҳанд ниҳолаки наврустаи ӯро шикананд? Чаро мардум ба ин андоза бераҳм шудаанд? Чаро мардум дар васфи як бозаргон мадҳия месароянду як кӯдаки ноқисро аз осмон мегиранду ба замин мезананд? 

 ⁃Он бача чӣ ном дорад?

 ⁃Абдурозиқ.

 ⁃Ҳамон Абдурозиқе бо Ҳазбуллоҳи доғистонӣ дар Дубай ба UFC  мебарояд?

 ⁃Бале, ҳамон.

 ⁃Охир, ӯ обрӯи тоҷиконро чӣ қадар дар ҷаҳон боло бардошт. Ҳама мардуми дунё дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар борааш ҳарфи нек мегӯянд-ку…

-Ҳарфи некро мардум то чанд рӯзи пеш мегуфтанд, вале ҳоло нафаҳмидаву надониста ӯро бисёр азоби рӯҳӣ дода истодаанд. Ҳатто нимчаблогерон ӯро ба хиёнат ба ватан айбдор мекунанд, ки бисёр хандаовар аст, зеро он нафароне, ки чунин мегӯянд, аз як ҷониб чӣ гуфтани забонашонро гӯшашон намефаҳмад ва аз паҳлӯи дигар танҳо ва танҳо дар фикри “лайк”-у “просмотр” ва “коммент” ҳастанд.

-Охири кор чӣ мешуда бошад?

-Ҳеҷ чиз, то замоне ки корбарони фазои маҷозӣ аз ин мавзӯъ хаста нашаванд ва тамошо карданро бас накунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *