Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Чаро зану мард безурёт мешаванд?

Аксарияти навхонадорон баъди оиладор шудан зудтар соҳиби фарзанд шудан мехоҳанд. Вале ҳолатҳое мешавад, ки зан ё шавҳар пас аз ташхис “безурёт” мебароянд ва ин боиси парокандагии оилаи ҷавон мегардад.

Ҷамшед Ризоев

Суҳбати имрӯзаи мо оиди безурётӣ, сабабу омилҳо ва табобати он бо уролог-андролог Ҷамшед Ризоев ва гинеколог Илона Ризоева.

-Дар кадом ҳолат зан ё мард безурёт ҳисобида мешаванд?

-Агар зан дар давоми як соли муносибатҳои мунтазами маҳрамона (алоқаи ҷинсӣ на камтар аз 2 маротиба дар як ҳафта) бидуни истифодаи воситаҳо ва усулҳои пешгирии ҳомиладорӣ, ҳомиладор нашавад, зану шавҳар безурёт ҳисобида мешаванд.

Илона Ризоева

-Безурётӣ чанд намуд мешавад ва намудҳои он аз якдигар чӣ фарқият дорад?

-Безурётӣ намудҳои гуногун дорад ва аз якдигар ба куллӣ фарқ мекунад:

1. Безурётии мард ва зан;

2.Безурётии ибтидоӣ (агар зан ҳеҷ гоҳ ҳомиладор набуд);

3. Безурётии дуюмдараҷа (агар зан қаблан, ҳадди ақал як бор ҳомиладор буд);

4. Безурётии эндокринологӣ (норасогии ҳормонҳо ва кори тухмдонҳо); 5. Безурётии идиопатикӣ, номуайян (ҳар ду шарики зиндагӣ солиманд, аммо ҳомиладорӣ рух намедиҳад);

6. Безурётии иммунологӣ, номувофиқӣ (ҳолатест, ки ҷуфти ҳамсар дар муддати тӯлонӣ ба ҳомиладорӣ ноил шуда наметавонанд, аммо пас аз талоқ ҳар як ҳамсари собиқ зуд дар оилаҳои нав соҳиби фарзанд мешаванд);

7. Безурётии якҷоя ва омехта. Безурётии омехта бояд аз безурётии «якҷоя» фарқ карда шавад, ки дар он ҳам мардон ва ҳам занон мушкилоти солимии репродуктивӣ доранд;

Кадом омилҳо сабабгори сар задани безурётӣ мегарданд?

-Сабабҳои безурётии занон метавонанд инҳо бошанд:

1.Эндокринологӣ – норасогии ҳормонҳо ва кори тухмдонҳо буда, ба набудани овулятсия ва дар натиҷа ба безуриётӣ меоварад, ки бо муайян намудани сатҳи ҳормонҳо дар хун, сонографияи тухмдонҳо барои муайян намудани инкишофи фолликул ташхис карда мешавад.

2.Безурётии равонӣ дар натиҷаи хоҳиши огоҳона ё бешууронаи зан ба таваллуд кардан ба назар мерасад. Баъзан ин тарс аз ҳомиладорӣ ва таваллуд, муқовимат ба тағйирёбии намуди зоҳирӣ мебошад.

3.Вайроншавии ҳолати функсионалӣ ва ё органикии найчаҳои тухмгузар — аз сабаби ҷарроҳиҳои қаблан гузаронидаи зан метавонад ба часпишҳои коси хурд ва ногузароии найчаҳо биёварад, ки бордоршавиро номумкин мегардонад.

4.Эндометриози коси хурд низ сабаби безурётӣ шуда метавонад.

5.Имплант нашудани ҷанин дар бачадон бо сабабҳои – полип ва часпишҳои дохили бачадон, миомаи субмукозӣ, нуқсони девораи дохилӣ сабабҳои дигари безуриётӣ ҳастанд.

6.Патология ё набудани бачадон — узве, ки дар он ҷанин ҷойгир карда мешавад ва ҳомила амалӣ мегардад.

-Безурётии мард метавонад аз инҳо сабаб шавад:

1) Нақси модарзоди узвҳои таносул ва ноҷӯриҳои гуногуне, ки бо газак ё осеби узвҳои пешобу таносул вобаста аст, боиси безурётии мардҳо мегардад.

2) Безурётӣ дар мардҳо аз набудани нутфа дар манӣ ё қобилияти бордоркунӣ надоштани он (яъне нутфа), дар натиҷаи заҳролудӣ аз шароб, сурб ва фосфор, ҳамчунин зери таъсири омилҳои номатлуб (афканишоти иондор, садамаи рӯҳӣ, гуруснагӣ ва ғ.) низ ба вуҷуд меояд.

3) Азооспермия (дар таркиби нузола — эякулят умуман вуҷуд надоштани нутфа) мебошад. Азооспермия ҳақиқӣ ва дурӯғин мешавад. Ҳангоми азооспермияи ҳақиқӣ нутфа умуман ташаккул намеёбад. Дар мавриди азооспермияи дурӯғин дар хоя нутфа ҳосил мешавад, вале он бинобар баста будани маҷрои манӣ (мас., дар натиҷаи ягон осеб) ба нузола роҳ намеёбад.

4) Асперматизм (ҳангоми мубошират рух надодани инзол) низ метавонад боиси безурётӣ гардад.

5) Мушкилот дар алоқаи ҷинсӣ метавонад сабаби безурётӣ дар мардон шавад.

Табобати безурётӣ чӣ гуна бояд ба роҳ монда шавад?

Барои мард: Машварати андролог, анализ, молишак аз уретра, спермограмма, узии ғадуди ҷинсӣ ва мояҳо, анализи хун барои гормонҳо (агар лозим бошад) ва ғайра.

Барои зан: Машварати гинеколог, молишак аз маҳбал, узии бачадон ва тухмдонҳо, ташхис, супоридани хун ва ғайра.

-Оё безурётиро пешгирӣ кардан имконпазир аст?

-Пешгирии безурётӣ аз сари вақт муолиҷа кардани илтиҳоби узвҳои таносул, роҳ надодан ба исқот, хусусан исқоти ғайриқонунӣ, риоя намудани қоидаҳои беҳдошти шахсӣ вобаста аст. Муолиҷаи дандонҳо низ баҳри пешгирии ихтилоли фаъолияти ғадудҳо аҳамияти зиёд дорад.

P/S: Хонандагони азиз! Агар Шумо дар бораи безурётӣ маълумоти пурра гирифтан хоҳед, метавонед ба рақами +992 901 00 40 70 дар тамос шавед.

Б. Сафаров

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.