Чавгонбозї варзиши угай дар Тоҷикистон

Варзиши ориёӣ

Мардумони ориёнажод чавгонбозиро яке аз нишонањои родмардию љавонмардї мењисобиданд. Аз расму катибањои дар њафриётњои бостоншиносии аз гўшаю канорњои гуногуни Осиёи Марказї дарёфта маълум мегардад, ки дар ин мавзеъњо намуди варзиши чавгонбозии савораву пиёда васеъ пањн гардида будааст.
Дар наздикии дењаи Сангтўдаи ноњияи Данѓара мањале арзи вуљуд дошт бо номи Чавгоник. Љалолиддини Балхї дар эљодиёти хеш ба мављудияти ин мавзеъ ишора намудааст. Чавгоник майдони фарроху њамворе дар миёни дараи зебоманзари баландкўњ буд, ки дар он љавонон чавгонбозї мекарданд. Бошандагони он гўйи чавгонбозиро аз пашминаи гову шутур, чавгонро аз шохањои дарахтон месохтанд. Дар рисолањои таърихї омадааст, ки «шерони хатлонї» (пањлавонони хатлониро чунин меномиданд) чавгонбозиро бозии родмардон мењисобиданд ва ба он њам савору њам пиёда шуѓл меварзиданд
Далели љолиби дигари варзиши ориёї будани чавгонбозї аз шањри ќадимаи нав кашфшудаи Каррон (мутааллиќ ба асри 1Х) дар ноњияи Дарвози Тољикистон пайдо шуд, ки он майдони калони чавгонбозї ба шумор меравад.
Таърих гувоњ аст, ки дар ањди Эрони бостон вобаста ба далелњои «Авасто» рушду такомули бозии чавгон ба назар мерасад ва яке аз нишони љавонмардї дар Эронзамин чавгонбозї буд. Боиси таассуф ва нигаронї аст, ки дар баъзе нашрияњо мансубияти ин намуди варзиш ба Юнону Маќдунї арзёбї мешавад, ки ин аз надонистани асолати заминањои таърихии пайдоиши чавгонбозї аз љониби муфассирон мебошад.
Аслан дар густариши чавгонбозї замони империяи Њахоманишињо (Куруши Кабир ва Дориюши Кабир) наќши босазо дорад. Зеро он аввалин империяи бузурги ориёињо буд, ки дар Ѓарб аз гулўгоњи Дарданел, Бањри Миёназамин, дар Шарќ рўдњои Синду Сир, дар Шимол дарёи Гургон, кўњњои Ќафќоз ва дар Љануб халиљи Форсу нимљазираи Арабистонро фаро мегирифт. Бо тобеият ба империяи ориёињо шуѓлу амалњои ин мардум низ ба мардумони тањљої мегузашт.

Аврупо ва чавгонбозӣ
Чавгонбозї њамчун як намуди варзиш дар љавонон сифатњои љавонмардї, матонат, ќавииродагї, устуворї, боиродагї ва эњсоси ѓалабаро тарбия менамояд. Ин сифатњо муаррихони русро ба худ љалб намуда буданд.

Олими шўравї Н.И. Торопов ба чавгонбозї њамчун бозии дилрабою љасоратпарвар таваљљуњ карда, соли 1944 китоби «Национальные виды спорта и игр в Таджикистане»-ро ба табъ расонд. Ў таъкид намуда, ки «чавгонбозї дар шакли пешин танњо дар дењоти кўњдоманњои Помир боќї монда, мањз аз тариќи ќаторкўњњои Помир ба Њиндустон ва аз Њиндустон ба Англия ворид гардидааст». Аз ин љост, ки ин варзиши миллии тољикї тавассути тољикон ба Њиндустон пањн шудаю аз љониби њиндуњо низ њамчун намуди варзиши тарбиятдињандаи љавонмардї, ќавииродагї ва далерию шуљоатмандї пазируфта шуда, намуди варзиши раќами якумро гирифтааст.
Ё ин ки Якуб Юсупович Абрамов дар китобаш «Чавгонбозї» («Ирфон», Душанбе, 1968) овардааст: «Бозии миллии тољикии чавгонбозї, инчунин бозии миллии њиндуњо ба бозии хоккейи болои алаф монандї дорад» («Таджикская национальная игра чавгонбози также как индийская национальная игра имеет сходство с игрой хоккей на траве).
Бо густариш ёфтани чавгонбозї дар Англия он дар Аврупо шуѓли ашрофзодагон гардид ва соли 1924 Федератсияи байналхалќии чавгонбозї (ФБЧ — ЃIН) таъсис дода шуд, ки айни замон яке аз федератсияњои бонуфузи байналхалќї ба њисоб меравад ва 137 мамлакати дунё аъзои он мебошанд.
Дар Шӯравӣ рушд дошт…
Чавгонбозони тољик нахустин бор дар њайати дастаи якачини шањри Душанбе соли 1955 дар мусобиќаи байни шањрњои Иттињоди Шўравї иштирок карданд, ки ин падидаи ѓайричашмдошт буд. Ба њайати дастаи мазкур Назиршоев Нур, Зоалишоев Фаросадшоњ, Абибов Тоњир, Бозоров Дорѓа, Додхудоев Давлат, Элчибеков Отабек, Ќурбонбеков Шамшербек, Саодатќадамов Ќурбонќадам, Хоркашев Толибхон, Скибо Станислав, Алифбеков Анвар, ва Каримов Ардашер пазируфта шуда буданд. Чавгонбозони тољик аввалин бор бо устодони чавгони шўравї ќувва озмуда, мањорату малакаи хуби варзишї ва асолати љавонмардї нишон доданд. Баъдњо дастаи мунтахаби чавгонбозони шањри Душанбе, ки асосашро донишљўёну омўзгорони Донишкадаи омўзгории Тољикистон ташкил медод, ба њаводорони чавгон завќу шавќи варзишї эњдо мекард ва масъулони варзишро водор менамуд, ки ба рушду ташаккули чавгонбозї бештар таваљљуњ зоњир кунанд. Дар натиља худи њамон сол дар донишкадаи мазкур аз њисоби донишљўён 6 даста ва дар Донишкадаи тиббї ва Донишгоњи политехникии Тољикистон дастањои чавгонбозї таъсис дода шудаанд.
Дар эњё ва тарѓиби чавгонбозї дар Тољикистон сањми Тољимат Суярќулов беандоза калон аст. Завќи баланди эњёи варзиши миллї , ки дар ќалби ин марди майдон љойгузин буд, ба рушд ва ташаккули чавгонбозї мусоидат кард ва ин намуди миллї ба варзиши оммавї табдил ёфт. Дар собиќ вилояти Ленинобод (шањри Хуљанд ва ноњияњои Конибодому Ашт), дар собиќ вилояти Кўлоб (шањри Кўлоб, ноњияњои Њамадонї ва Фархор), собиќ вилояти Ќўрѓонтеппа (ноњияи Вахш) ва ноњияњои тобеи марказ (Ленину Файзобод) мањфилњои чагонбозї амал мекарданд. Њамзамон дар Донишгоњи омўзгории шањри Кўлоб низ донишљуёни факултети математика ва физика зери роњбарии устоди донишгоњ Файзалиев Давлаталї нозукињои ин намуди варзишро меомўхтанду мањорату малакаи варзишии хешро сайќал медоданд. Мањз мањорату малака, ифтихори миллї ва мењри беандоза ба варзиши чавгон сабаб шуд, ки устодон дар солњои 80-уми асри гузашта шогирдони шоиста ва шоёни чавгонбозро тарбия намоянд. Мисоли ин гуфтањо дастоварди дастањои чавгонбозони љумњурї, дастаи занонаи «Суѓдиён» ва дастаи мардонаи «Агрегат»-и Душанбе мебошад, ки дар чемпионати Иттињоди Шуравї ба муваффаќиятњо сазовор шудаанд.
Пас аз таназзули Иттињоди Шуравї муносибатњо байни ташкилотњои варзишии иттифоќї ба соњаи варзиш низ бетаъсир намонд. Муносибатњои байни љумњурињо гусаста, дастањои чавгонбозї аз ширкат дар чемпионатњои муштарак мањрум гардиданд. Ибтидои соли 1992 Тољикистон ба узвияти Федератсияи байналмилалии чавгонбозї пазируфта шуд, вале чавгонбозї бар асари воќеањои маълум фалаљ гардид. Кумитаи варзиши назди Њукумати љумњурї ба ин раванд бетараф намонда, соли 2006 бо сарпарастии Кумитаи миллии олимпии Тољикистон ва Федератсияи байналмилалии чавгонбозї (FIH) дар шањри Душанбе якчанд семинарњои байналхалќии омўзиширо тањти роњбарии Зоњид Алихон доир кард. Дар тўли 12 сол аз љониби ФБЧ ба Федератсияи чавгонбозии Тољикистон чор маротиба ёрии амалї расонида шуд. Дар ин давра ФЧТ ба воситаи Кумитаи миллии олимпии Тољикистон дастањои чавгонбозии эњёшудаи кишварро бо лавозимоти варзишии чавгон, гўй ва либосњои дарвозабон таъмин кард. Инчунин семинар-машваратњои омўзишии назариявї ва амалї барои мураббиён ва доварон баргузор гардиданд.
Айни замон дар чор минтаќаи љумњурї наврасону љавонон ба чавгонбозї фаро гирифта шудаанд. Гурўњњои писарон ва духтарон дар мактабњои варзишии шањрњои Душанбе, Хуљанд ва ноњияњои Масчоњ, Ашт, Њамадонї ва Муъминобод амал мекунанд. Аз ин љост, ки дар мусобиќањои сатњи гуногуни љумњуриявї дастањои духтарон ва писарон ҳатталимкон ширкат меварзанд.

Чавгонбозӣ олимпӣ шуду…
Чавгонбозї аз соли 1908 ба барномаи бозињои олимпї шомил гардидааст. Аз соли 1970 сар карда чемпионатњои Аврупо ва аз соли 1971 чемпионати љањонии чавгонбозї ва олимпӣ баргузор мешаванд. Вале имрӯз дар Тоҷикистон вазъи чавгонбозӣ қаноатбахш нест. Ба рушди он на Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ҳавасманд асту на Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон. Роҳбарони ин ниҳодҳо чавгонбозиро ҳамчун намуди олимпӣ нодида гирифта, умед ба Федератсияи ҷумҳуриявии чавгонбозӣ бастаанд, ки қариб аз фаъолият мондааст. Аз беаҳамиятии се сохтори номбурда озариҳо истифода бурда, соли 2014 дар ЮНЕСКО моли худ карданд.
Эмом НАЗАРОВ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *