Чавони ошикро дар Чавкандак куштанд

 Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД дар шаҳри Истаравшан марди 47 сола Б.Р. ва ҷавони 21-сола Б.З., сокинони ҳамин шаҳр ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти куштор дастгир карда шуданд. 

Муайян карда шуд, ки марди 47-сола бо маслиҳати пешакӣ бо ҷиянаш ҷавони 21-сола, бинобар сабаби муносибати ошиқона доштани С.И. ҷавони 22-солаи сокини ҳамин шаҳр бо духтари ӯ, номбурдаро ба автомашинаи шахсиаш, тамғаи “Опел-Зефира” савор карда, ба тарафи бошишгоҳи саҳроии ҷамоати деҳоти Ҷавқандаки шаҳри Истаравшан бурда, бо корди ошхонагӣ 31-маротиба ба аъзои баданаш задааст.

 

Дар натиҷа ҷабрдида аз ҷароҳатҳои вазнини бардоштааш ба ҳалокат расидааст.

 

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *