Чеҳраҳои мондагор: Оғози озмуни нави ҳафтаномаи “Тоҷикистон”

Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” озмуни ба номи Муродуллоҳ Шерализода бо номи “Чеҳраҳои мондагор”- ро дар соли 2020 эълон мекунад.

Мавзӯъ: Лаҳзаҳои хотирмон ва баёнгари чеҳраи шахсиятҳое, ки шурӯъ аз ибтидои асри ХХ нақш дар ташаккул, пешрафт ва муаррифии миллати тоҷик (таърих, иқтисод, илму маориф, адабиёту ҳунар, варзиш) ва давлатдории тоҷикон (сиёсат ва давлатсозӣ) доранд.

Жанр: Лавҳа, очерк, мақолаи таҳлилӣ, мусоҳиба… Мавод метавонад берун аз ин қолабҳо бошад.

Ҳаҷм: то 4 саҳифаи компютерӣ бо ҳарфи андозааш 14. (Пешниҳоди аксҳо ва видеоҳо хуш истиқбол мегардад ва муаллифони он соҳиби холи иловагӣ хоҳанд шуд).

Муҳлати пешниҳод: то 20 апрели соли 2020.

Ғолиби озмунро Ҷоизаи ба номи Муродуллоҳ Шерализода, нишони сарисинагӣ, ки соле як маротиба ба рӯзноманигори беҳтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон (ғолиби озмун) дода мешавад ва мукофоти пулӣ интизор аст. Мукофотпулӣ 2000 сомонӣ.

Маводҳо дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ва сомонаи Pressa.tj чоп мешаванд.

Шитобед, бахти худро бисанҷед!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

3 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *