Чин Осиёи Марказиро харидааст: Ба Русия чӣ мерасад?

Дар даҳсолаи ахир ҳузури Чинро дар Африқо, Австралия, қораи Амрико мушоҳида кардан мумкин аст. Ҳоло қадами Чин танҳо ба Антарктида нарасидааст. Дар Осиёи Марказӣ низ ин кишвар бисёр иншоотҳоро харидорӣ карда, нуфузаш рӯз ба рӯз афзоиш меёбад. Русия бошад, фишангҳои нуфузашро аз даст додааст.

Қарздиҳанда ва қарздор

Тақрибан ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ новобаста аз мавқеи ҷуғрофӣ, боигарии табиӣ ва сатҳи рушди демократия давлатҳои қарздор ҳисоб меёбанд. Қарзи Қазоқистон аз ҳама бештар-165,5 миллиард доллар буда ва аз ҳаҷми солонаи ММД бештар аст. Лекин қарздиҳандаҳои аслӣ Чину Русия набуда, балки кишварҳои аврупоӣ мебошанд.

Бо тафовут аз Қазоқистон — кишвари ғанӣ аз манобеи табиӣ ва энергетика қарзи хориҷии Қирғизистон яке каме бештар аз 4 миллиард доллар аст. Беш аз 2 миллиард доллари онро қарзҳои Чин ташкил медиҳад. Ин дар ҳолест, ки дар соли 2008 қарзи Бишкек дар баробари Пекин танҳо 9 миллион доллар буд. Дар муддати 11 сол ин қарз 200 маротиба афзоиш ёфтааст.

Вазъияти Тоҷикистон низ шабеҳи Қирғизистон аст. Дар соли 2000, пас аз саркӯби мухолифон ва фарорасии суботу оромӣ ин кишвар ба гирифтани қарзҳо шурӯъ кард. Ҳоло аз ҷумлаи беш аз 3 миллиард доллари қарзи хориҷӣ 54 дарсад ё ҳудуди 1,56 миллиард доллар ба бонки “Эксим”-и Чин рост меояд. Тибқи маълумоти дигар, қарзи Тоҷикистон аз Чин 2,1 миллиард долларро ташкил медиҳад.

Аз ҷумлаи 21 миллиард доллари қарзи хориҷии Ӯзбекистон 8 миллиард доллар қарзи Чин аст. Вале дар муқоиса ба Тоҷикистону Қирғизистон ин қарз барои рушди иқтисод ва бунёди иншоотҳо сарф мешавад. Масалан, 800 километр роҳи оҳан барои қаторҳои баландсуръат бунёд гардид, ки ҳамарӯза бор ва мусофир мекашонад ва фоида меорад.

Маълумот дар мавриди қарзҳои Туркманистон махфӣ аст Коршиносон мегӯянд, ки ин кишвар низ аз Чин сармоя ва қарз дарёфт кардааст. Ҳамчунин, Туркманистон ба Чин гази табиӣ содир мекунад. Чин ин маълумотро дорад, аммо фош намекунад.

Чин ҳам қарз медиҳад ва ҳам сармоягузорӣ мекунад

Чин ба кишварҳои Осиёи Марказӣ дар канори қарзҳои зиёд сармояи ҳангуфте низ ворид кардааст. Масалан, ин кишвар тибқи иттилои расмӣ, ба Қазоқистон ба миқдори 20 миллиард доллар, бар асоси маълумоти ғайрирасмӣ аз 55 то 80 миллиард доллар сармоя овардааст. Дар Қирғизистон бошад, саҳмияи Чин дар саноати сабук 70 дарсад ва саноати хӯрокворӣ 40 дарсадро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, шаҳрвандони чинӣ дар Қирғизистон ба  соҳибкории хурду миёна машғуланд. Тақрибан дар ҳамаи шаҳрҳои ин кишвар тарабхонаю кафеи чинӣ фаъолият мекунад, дар кӯчаҳои автобусу мошинҳои чинӣ мегарданд, дар бузургтарин бозори “Дордой”-и Бишкек асосан молҳои чинӣ фурӯхта мешавад. Дар Қирғизистон беш аз 400 корхонаи чинӣ ва ҳудуди 200 корхонаи муштарак фаъолият мекунад.

Дар Тоҷикистон бошад, Чин ягона корхонаи коркард ва поксозии тилло ва бузургтарин кони руҳ ва сурб дар Осиёи Марказиро харидааст. Сармояи мустақими Чин ба иқтисоди Тоҷикистон болиғ ба 500 миллион доллар буда ва чанд ҳазор гектар ҳаминҳои корами ин кишвари камзамин ба ихтиёри фермерҳои чинӣ дода шудааст. Ҳамчунин, 20 ҳазор гектарро агрофирмаҳои муштараки Тоҷикистону Чин ба иҷора гирифтаанд. Шурӯъ аз соли 2000 Чин дар бунёди роҳҳои Тоҷикистон саҳми фаъол дорад. Нахустин шоҳроҳ низ аз Тоҷикистон ба Чин буд. Пас аз марвиди истифода қарор гирифтани он молҳои Чин ба Тоҷикистон чун сел сарозер шуданд. Тафовут дар гардиши мол миёни Чин ва Тоҷикистон ба андозаи 1 бар 30 ба фоидаи Чин аст. Яъне, Тоҷикистон ба Чин ба миқдори 1 доллар содир карда ва аз Чин ба миқдори 30 доллар мол ворид мекунад.

Ба Тоҷикистону Туркманистон Эрону Туркия низ сармоя ворид мекунанд. Аммо сармояи онҳо дар муқоиса бо Чин хеле ночиз аст. Махсусан, ба ҳангоми иҷрои лоиҳаи стратегии “Як камарбанд-як роҳ” ё ба истилоҳи дигар “Камарбанди иқтисодии роҳи абрешим” ҳузури Чин дар ин кишварҳо бештар хоҳад шуд. Чун Русия сармояи кофӣ ва тарҳҳои мушаххас надорад наметавонад дар ин замина бо Чин рақобат кунад. Аз ин лиҳоз, бояд эътироф кард, ки Русия тавони таъсиргузорӣ ба кишварҳои пасошӯравии Осиёи Марказиро аз тариқи сармоягузорӣ ва кумакҳои молӣ надорад.

Боигариҳои минтақа ба ивази молҳои пастсифати чинӣ

Нуфузи Чин дар Осиёи Марказӣ ҳар сол боло рафта ва ин вазъият барои кишварҳои минтақа паёмадҳои нохуб дорад.  Пекин талош мекунад бо ҳар кишвар шартномаи дуҷониба дошта бошад. Дар муқоиса бо шартномаи бисёрҷониба дар равобити дуҷониба Чин метавонад аз манофеи худ осонакак ҳимоят кунад. Зеро дар шартномаҳои бисёрҷониба, масалан дар доираи Созмони ҳамкориҳои Шанхай ризояти ҳамаи ҷонибҳо лозим аст.

Аз ҷониби дигар, сармояҳои Чин, ки ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ворид мегардад, аз ҷониби ширкатҳои чинӣ аз худ мешавад. Дар Чин неруи корӣ хеле зиёд аст ва онҳо дар кишварҳои дигар истифода мешаванд. Кишварҳои Осиёи Марказӣ барои Чин манбаи ашёи хом аст. Якҷо бо сармояи Чин аз ин кишвар неруи кор, таҷҳизот, молу маҳсулот ва хизматрасонӣ ба Осиёи Марказӣ меоянд. Аҳолии маҳалӣ ба ҳайси хизматрасонӣ ба кадрҳо ва зерсохтори Чин истифода мешавад. Аз сӯи дигар, миёни ин кишварҳо ва Чин масъалаи ба истилоҳ  “манотиқи баҳснок” вуҷуд дорад ва ин вазъ на танҳо сокинон, балки мақомоти кишварҳои Осиёи Марказиро ба эҳтиёткорӣ водор месозад. Таъқибу азияти аққалиятҳои миллӣ дар Уйғуристони Чин метавонад дар равобит бо ин кишвар соя андозад.

Дар самти омӯзиши кадрҳо низ Чин бо Русия рақобат мекунад. Агар қаблан кадрҳои Осиёи Марказӣ дар Русия омӯзиш медиданд, дар даҳ соли охир теъдоди донишомӯзони Осиёи Марказӣ дар Чин 10 баробар афзоиш ёфтааст.Гузашта аз ин, чун дар Амрико дар Чин низ донишомӯзони кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз хатми донишгоҳ ба ватан бознамегарданд ва дар ин кишвар кору зиндагӣ мекунанд.

Александр Гришин,

хабарнигори “Комсомолская правда”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *