Чиптафурӯши қалбакӣ ба даст афтод

Тавре расонаҳои русӣ хабар медтҳанд, дар Русия як сокини Тоҷикистон, ки бо истифода аз зудбоварии шаҳрвандони тоҷик ба ҷаллобии чипта машғул будааст, ба даст афтод.

Гуфта мешавад, ки Беҳрӯзҷон Ҷалолов дар назди бинои Сафорати Тоҷикистон дар Русия худро корманди сафорат муаррифӣ карда, аз корафтодагон бо ваъдаи билети ҳавопаймои парвозҳои чартерӣ аз Маскав ба Тоҷикистон пул ситонидааст.

Ин муҳаҷири 28 сола дар маҷмӯъ аз 13-нафар корафтодагон бо ваъдаи дастрас кардани чиптаҳои парвози чартерӣ маблағ гирифта бо ин роҳ ба муҳоҷирон ба андозаи 490 ҳазор рубл зарар расонидааст.

Кормандони сафорат қаллобро , барои чораандешӣ нисбаташ ба дасти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия супурдаанд.
А.А.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *