Чопи “Сипеҳри орзу”-и Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон ба тозагӣ китобе чоп шуда, ки зиндагинома ва намунаҳое аз осори 179 шоиру нависандаи самарқандиро дар бар мегирад. Нависандаи ин китоб Ҳаёт Неъмат, шоир ва муҳаққиқи шинохтаи аҳли Самарқанд аст.

Дар Тоҷикистон ба тозагӣ китобе чоп шуда, ки зиндагинома ва намунаҳое аз осори 179 шоиру нависандаи самарқандиро дар бар мегирад. Нависандаи ин китоб Ҳаёт Неъмат, шоир ва муҳаққиқи шинохтаи аҳли Самарқанд аст.

Китоби “Сипеҳри орзу” ҳосили заҳмати беш аз 30 солаи ӯст ва шарҳи ҳолу осори нависандагону шоирони порсигуи Самарқандро дар садаи бист ва наздики бист соли ахир муаррифӣ мекунад.

Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ як соли ахир барои чопи китоби наваш дар пойтахти Тоҷикистон ба сар мебарад.Ӯ дар утоқе кучак дар меҳмонхонаи “Фарҳанг”-и вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе кору зиндагӣ мекунад. Ӯ навиштани китоби орзуҳояшро ба номи “Сипеҳри орзу” дар ин ҷо ба поён расондааст.

Мегӯяд, барои гирдоварии маводди ин китоб дар Самарқанд ба хонаи так-таки шоирону нависандаҳои даргузаштаи ин шаҳр рафта, бо пайвандони онҳо суҳбат карда ва осори онҳоро ҷамъ овардааст. Аммо ба гуфтаи ин шоир ва пажуҳишгар, муҳимтарин маводдро ӯ аз оршиви «КГБ» ё ҳамон сервиси иттилоъотии шуравӣ пайдо кардааст.

«Як вақт дар Узбакистон “Маркази маънавият ва маърифат” ташкил шуд. Барои вуруд ба оршиви “КГБ” иҷозат доданд. Ман ду бор ба он ҷо даромадам ва бисёр иттилоъот аз он ҷо ба даст овардам. Аммо баъдтар вуруд ба он ҷоро дубора мамнуъ карданд. Дар китоби ман шоироне мисли Ноҷии Каттақурғонӣ, Ҳамидулло Лутфии Панҷшанбегӣ ва Умрбоқии Шаҳрисабзӣ муаррифӣ шудаанд, ки осорашон то ҳоло дар ҳеҷ ҷо чоп нашудааст,»- мегӯяд Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ.

Ҳаёт Неъмат муаррифии шоирон ва нависандагонеро, ки дар даврони табъиди истолинӣ, дар даҳаи 1930 кушта ва ё ба урдугоҳҳои кори иҷборӣ фиристода шудаанд, яке аз вежагиҳои пажӯҳишаш медонад.

«Асри 20 фаҷеътарин давраи фарҳанги миллати тоҷик аст. Ҳатто давраи Искандару Чингизу арабу Темур ба ин давра баробар шуда наметавонад. Фақат шоиру нависанда ва таҳсилкардаҳоро гирифтанду зиндонӣ карданд. Аз 102 ҳазору 800 нафар аҳли адабу фарҳангу ҳунари ба додситонӣ кашида шуда, 14 ҳазор нафари онҳо ҳукми эъдом гирифтанд,»- мегӯяд Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ.

Дар китоби тозанашри Ҳаёт Неъмат шоирону нависандагоне ҳам муаррифӣ шудаанд,ки дар Тоҷикистон кору зиндагӣ кардаанд. Мисли зиндаёд Садриддини Айнӣ, бунёдгузори адабиёти навини тоҷик, ки ҳарчанд зодаи Бухорост, аммо бештари умри худро дар Самарқанд ва чанд солеро ҳам дар Душанбе гузаронда.

Ҳаёт Неъматро аз сутунҳои фарҳангу адабиёт ва шеъри имрӯзи Самарқанд медонанд. Номи ӯ бо ҷунбиши миллии тоҷикон дар даҳаи 1980-и Самарқанд гиреҳ хӯрдааст. Барои бисёре ӯ, ба нумоди мубориза барои ҳифзи забони форсии тоҷикӣ дар Узбакистон табдил шуда. Он солҳо ба хотири эътироз ва баста шудани маркази фарҳангии тоҷикон дар Самарқанд Ҳаёт Неъмат ҳатто чанд моҳ дар ҳасри хонагӣ буд.

Анзурати Маликзод, муҳаққиқи тоҷик ва вероишгари китоби “Сипеҳри орзу” мегӯяд, ин китоб на танҳо барои ҳавзаи адабии Самарқанд,балки дар маҷмуъ барои тамоми форсизабонони дунё муфид хоҳад буд, зеро хонандаро бо манзараи аслии муҳитҳои адабй дар Самарқанд ошно мекунад.

Хонум Маликзод афзуд: «Тазкираи “Сипеҳри орзу”-и устод Ҳаёт Неъмат бо ҳадафи муайяне навишта шудааст. Вақте мактабҳои тоҷикӣ, минбарҳои аслии забони тоҷикӣ дар ин шаҳрҳо маҳдуд карда шуданд, ин шахс ба ҳайси муқовимат бар алайҳи ҳамин гуна бедодиҳои таърихӣ ва иҷтимоъӣ барои гирдоварӣ ва иншои ҳамин гуна як тазкираи бисёр муҳим даст ёзиданд.»

Ҳаёт Неъмат, ки то дуюним моҳи дигар 76 сола мешавад, дар кудакӣ ба беморие мубтало мешавад ва нуҳ соли умрашро дар бемористон мегузаронад. Аз он замон бо асо роҳ мерафт ва акнун чандин сол аст,ки бо сандалии чархдор ҳаракат мекунад.

Рафту омади ӯ ба Тоҷикистон аз даҳаи 1970 милодӣ шуруъ шуда буд. Тайи солҳои ахир Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ «Фарҳанги осори Мавлавӣ», як китоби шеър ба номи «Шир…! Шеър!… Шер…!», «Дорулфунуни ҳаёт» ва «Тоҷикам! Аз куҷоӣ то ба куҷо?!»-ро дар шаҳри Душанбе мунташир кардааст. Ба қавли худи ӯ бист сол аст, ки мақомоти Узбакистон чопи осорашро дар ин кишвар мамнуъ кардааст.

Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ дар ин бора гуфт, ки «соли 1999 вақте ки ба Эрон сафар мекардам, тамоми дастнависҳоямро дар фурудгоҳ мусодира карданд, чор шеърамро дар назди худам аз дастнавис канда болои хокистардони сигорашон монда оташ заданд. Баъд аз ташхиси ашъори ман ба хулосае омаданд, хусусан додситон, ки гӯё шеърҳои ман ба иззати нафси дигар миллатҳо мерасад, яъне ман шоири миллатгоро ҳастам.»

Ҳаёт Неъмат узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст. Мегӯяд, боре адибе номдор аз ӯ суол карда, ки чаро ба Тоҷикистон меояд. Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ ба ӯ чунин посух дода: «Ман Тоҷикистонро барои он дӯст медорам, ки ҳамноми миллатам аст. Мани тоҷик магар ба Қирғизистон ,Туркманистон ё Қазоқистон биравам? Ҳар чи сахтӣ бошад, ранҷу азоб ба сарам ояд, боз ба Тоҷикистон меоям, ҷумҳурие, ки ба номи миллати ман, ба номи миллати модари ман аст.»

Ҳаёт Неъмат ҳоло машғули таҳияи китобе дар бораи 500 шоиру нависандаи бухороӣ ба номи “Уммони беобмонда” аст.

Ӯро сарнавишти шеъру адаби порсӣ дар ин шаҳри таърихии Осиёи Миёна нигарон карда. Ба андешаи ӯ то 10-15 соли оянда шояд дигар шоире порсигу дар Бухоро ба арсаи адабиёт қадам наниҳад.

Бознашр аз сомонаи бахши форсии Би-би-сӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *