Чор нафар дар садама ҷон бохтанд

Дар зарфи ду рӯзи ахир бар асари садама дар роҳҳои автомобилгарди Тоҷикистон чор нафар ба ҳалокат расиданд.

Рӯзи 21 сентябр Собир Бекматови 25-сола, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», сокини ноҳияи Фархор ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Кӯлоб ба самти ноҳияи Фархор дар ҳудуди деҳаи Золи-Зарди ҷамоати деҳоти Деҳқонариқ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Хундай-Портер”, таҳти идораи ронанда Зувайдулло Бурихонови 33-сола, сокини ноҳияи Восеъ, бархӯрдааст.

Дар натиҷа, мусофирони автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» Бурихон Темуров, соли таваллудаш 1977 ва хурдсол Бекматова Ёсамин Собировна, соли таваллудаш 2019, сокинони ноҳияи Фархор ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Ронандагони автомашинаи тамғаи “Хундай-Портер” ва “Опел-Астра”  ва дигар мусофиронаш: Бекматов Сунатулло Усмонович, соли таваллудаш 1994, Самиева Фарангиз Сайдуллоевна, соли таваллудаш 1994 ва хурдсол Бекматова Шукрона Собировна, соли таваллудаш 2017, сокинони ноҳияи Фархор ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Пагоҳии 22 сентябр Муродалӣ Ҷӯраев, ронандаи трактори тамғаи “Т-16-М”, сокини шаҳри Турсунзода, ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи С.Табаров-1 ба самти деҳаи С.Табаров-2-и шаҳри мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ноболиғ Ҷӯрабек Асомиддинови 7-сола, сокини деҳаи С.Табаров-2, хонандаи синфи 1 мактаби миёнаро пахш намудааст.

Дар натиҷа, ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Ҳамон рӯз, Ҳалим Саидзода, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Зефира», сокини ноҳияи Мастчоҳ, ҳангоми ҳаракат бо роҳи нақлиётгарди «Бӯстон-Азизобод», дар худуди заминҳои хоҷагии деҳқонии Х.Амиров, аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, ба симчӯби тарафи чапи роҳ бархӯрда, сипас ба дохили канали обгузар чаппа шудаст.

Дар натиҷа, худи ронанда Саидзода Ҳ.М. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *