Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Чоркӯҳ: Ҳамлаи қирғизҳо ба хонандагони тоҷик, 2 кӯдак ҷароҳат бардошта бистарӣ шуданд

Худоё ин моҷаро кай хотима меёфта бошад? Чаро ҷонибҳо ҳич ба мувофиқа расида наметавонанд? Магар ин Ҳамлаву ҳуҷуму куштору ваҳшоният поён надоранд? Чунин амали ҳамсоягон моро водор ба он мекунад, ки аз хомӯшии чандин сола вораҳему чораҳои мушаххасеро андешем. Вагарна ин ҳама бедодгариву худхоҳиву кинабарафрухтанҳо барои чист? Магар қирғиз андешаи онро надорад, ки як рӯз не як рӯз косаи сабри мардум лабрез мегардаду мусибатҳои калонеро ба бор хоҳад овард…

Чанд хонандаи тоҷикро сокинони деҳаи Сомониён сангборон намуданд, ки дар натиҷа ду кӯдак бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон интиқол ёфтанд

Дар деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳ хонандагони тоҷик аз ҷониби чанд сокини Ҷумҳурии Қирғизистон мавриди ҳамла қарор гирифтанд.

Раиси ҷамоати Чоркӯҳ Шукрулло Насриддин ба Sputnik Тоҷикистон, сар задани ин ҳодисаро тасдиқ намуда гуфт, ки хонандагони тоҷикро қирғизҳо сангборон намуданд.

Ба гуфтаи ӯ, феълан ду кӯдак ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ ҳастанд.

Манбаъ илова намуд, ки бо раисони Бодканду Оқсой вобаста ба ин ҳодиса суҳбат карда, онҳоро дар ҷараён гузошт.

Ҳар ду ҷониб ба мувофиқа расидаанд, ки минбаъд аз сар задани чунин ҳодисаҳои нохуш ҷилавгирӣ мекунанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.