Чоршанбе Аловатов: Аз бекорӣ то ғолибият дар «Central Asia Got Talent»

Дар фароварди соли равон сарояндаи ҷавони тоҷик Чоршанбе Аловатов ва гурӯҳи рақсии «Падида» бо ғолибияти худ дар давраи финалии озмуни “Central Asia Got Talent” ба гунае Осиёи Марказиро такон доданд. Ғолибияти ин ҳунармандон туҳфаи солинавӣ ба тамоми мардуми Тоҷикистон аст.

Дар ин матлаб дар мавриди сарояндаи ҷавон ва аллакай маъруфи на танҳо Тоҷикистон, балки кишварҳои Осиё Чоршанбе Аловатов маълумот медиҳем. 

Тугмаи тиллоӣ

Central Asia’s Got Talent — озмуни байналмилалӣ буда, то имрӯз дар 70 кишвари дунё баргузор шудааст. Ин дафъа озмун дар чор кишвари Осиёи Марказӣ — Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон истеъдод меҷӯяд.

Ҳунари довталабон аз ҷониби чаҳор довар, намояндагони чор кишвари иштирокчӣ баҳогузорӣ мешавад. Ба ҳайати ҳакамон Нурлан Абдулин — сарояндаи қазоқистонӣ, ровии телевизион, соҳибкор, Ситора Фармонова — ҳунарпешаи кино, сароянда ва ширинкори Ӯзбекистонӣ, Гулнур Сатилганова -сарояндаи қирғиз, Ҳунарманди халқии Ҷумҳурии Қирғизистон, Аловуддин Абдуллоев – актёр, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон шомил ҳастанд.

Ҷоизаи асосии озмуни Central Asia’s Got Talent 260 000 сомониро ташкил медиҳад.

Дар даври нахустини озмун, ки дар Душанбе баргузор шуд, сарояндаи ҷавони тоҷик Чоршанбе Аловатов Тоҷикистонро бо суруди “Агар он турки шерозӣ”-и Далер Назаров муаррифӣ кард. Зимни иҷрои суруд Аловуддин Абдуллоев, довар аз Тоҷикистон, аз ҷой бархоста, якбора “тугмаи тиллоӣ”-ро, ки ба иштирокчӣ ҳаққи якбора гузаштан ба даври ниҳоиро  медиҳад, пахш кард.

Довари Ӯзбекистонӣ — Ситора Фармонова ба Чоршанбе офарин хонд: «Ин муъҷиза аст, на инсони одӣ. Дар тӯли озмун ман чунин маҳоратро интизор будам ва ахиран онро шунидам. Офарин Чоршанбе», — гуфт ӯ.

Дар финал бошад, нахуст Чоршанбе суруди итолиёвӣ ва баъдан суруди тоҷикӣ сароид, ки писанди ҳайати ҳакамон ва аҳли толор шуд.

Чоршанбе Аловатов кист?

Чоршанбе Аловатов ҳунарманди ҷавон, писари сарояндаи маъруф Ақназар Аловатов мебошад. Ӯ  7 феврали соли 1998 дар шаҳри Хоруғи ВМКБ, дар хонаводаи санъаткор ба дунё омадааст. То синфи панҷум дар мактаби шаҳри Хоруғ таҳсил карда, пас аз кӯчидан ба шаҳри Душанбе, дар мактаби рақами 72-и пойтахт то синфи 9-ум таҳсил кардааст. Пас аз хатми синфи 9 Чоршанбе ҳуҷҷатҳояшро ба Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов супорида, онро дар бахши овозхонӣ хатм мекунад. То имрӯз Чоршанбе ба Ӯзбекистон, Қирғизистон, Амороти Муттаҳидаи Араб ва шаҳрҳои гуногуни Русия сафар кардаасту мехоҳад боз бештар саёҳат кунад. Аз ин рӯ, айни замон донишҷӯи соли сеюми бахши сайёҳии Донишгоҳи санъати Тоҷикистон мебошад.

То имрӯз Чоршанбе Аловатов дар озмунҳои гуногуни ватанӣ ва хориҷӣ ширкат кардаву соҳиби ҷоизаҳо шудааст.  Нахустин бор Аловатов соли 2011 дар озмуни «Овози тиллоӣ» ширкат карда, бо иҷрои фалак соҳиби мақоми аввал шуд. Соли 2014 дар озмуни «Шукуфаҳои пойтахт» низ суруде дар жанри фалак сароид  ва мақоми аввалро аз худ намуд.  Соли 2017 бошад, дар озмуни «Парвин» соҳиби ҷоизаи асосии озмуни овозхонӣ гардид. Имсол Чоршанбе аллакай услуби худро ёфта, дар жанри фюжен баромад кард ва дар озмуни  «Bob Music Awаrds 2019», ки даври ниҳоии он рӯзи 28 сентябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, дар бахши «Беҳтарин овоз» мақоми аввалро соҳиб шуд.

«Bob Music Awаrds 2019»

Натиҷаи талошҳои Чоршанбе Аловатов дар пайи пайдо кардани сабки худ дар озмуни овозхонии «Bob Music Awаrds 2019» маълум шуд. Ӯ дар ин озмун дар жанри фюжен баромад кард ва мақоми аввалро соҳиб шуд.

«Ман ҳангоми фиристодани дархост ба озмуни «Bob Music Awаrds 2019» суруде бо номи «Озода Ватан» аллакай омода доштам. Вале мехостам онро чун суруди муаррифӣ равон кунаму барои даври ниҳоӣ суруди ҷадиде эҷод кунам. Вале баргузоркунандагон гуфтанд, бояд суруде, ки аввал фиристода мешавад, иҷро шавад. Ва ман дар даври ниҳоӣ бо суруди «Озода Ватан» ҳунарнамоӣ карда, соҳиби мақоми аввал шудам», — гуфт Аловатов дар суҳбат бо “Sputnik Тоҷикистон”.

Чоршанбе мегӯяд аз гирифтани ҷоиза хушнуд аст, чун дар ин озмун яке аз талаботи муҳим, иҷро кардани суруди худӣ буд, ки ӯ аз уҳдааш хуб баромад.

«Ман ҳам оҳанг ва ҳам матни суруди «Озода Ватан» — ро худам навиштам. Ин суруд дар жанри фюжен аст. Он жанре, ки ман мехоҳам дар он муваффақ шавам. Ин ҷо ман каме аз рэп, фалак ва жанри халқӣ истифода кардаам», — гуфт Чоршанбе.

Чоршанбе Аловатов дар баробари овозхонӣ, дар навохтани аксари созҳои миллӣ ва муосир моҳир аст.  Ӯ сетор, дутор, ғижжак, танбӯр, рубоб, доира, таблак ва гитара менавозад ва ин ҳунарҳоро аз падараш омӯхтааст.

«Ман навохтани асбобҳои миллиро аз падарам омӯхтам. Ӯ санъаткор буд, ки ман имрӯз дар роҳи санъат ҳастам. Падарам дар эҷоди матни суруд, оҳанг ва иҷрои он ба ман кумак мекунад. Маслиҳат медиҳад, ҷое илова мекунад, ҷое кӯтоҳ мекунад», — мегӯяд Чоршанбе.

Намехоҳам ба касе монанд бошам

Саҳифаҳои Чоршанбе дар facebook ва Instagram далели он аст, ки ҳунарманди ҷавон сарояндагони эрониро меписандад. Ӯ  гоҳо сурудҳои эрониро месарояд ва  тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ пахш мекунад.  

Ҳамчунин Чоршанбе Аловатов ба ҳунари зиндаёдон Душанбе Паллаев, Наргис Бандишоева, Муборакшо, Кароматулло Қурбонов арҷ мегузорад ва ҳунари онҳоро мактаби хуби омӯзиш барои насли ҷавони санъаткор медонад. Аз сарояндагони имрӯз овозхонии Давлатманд Холов, Файзалӣ Ҳасанро меписандад.  

То имрӯз Чоршанбе Аловатов беш аз 10 суруд эҷод кардааст, ки матни аксари онҳо аз ашъори классикон аст. Ҳамчунин худи Чоршанбе сурудҳои муаллифӣ эҷод мекунад ва нақша дорад албоми нахустини худро сабт намояд ва консерт баргузор кунад.  

«Сурудҳои ман, «Як шохи гул», «Булбул», «Рухи гулнор» «Озода Ватан», «Гесу парешон», «Ҷудоӣ», «Ку я» (Биё) ва ғайраҳо мебошад. Худо хоҳад, ба наздикӣ албоми авваламро сабт карда, пешкаши мухлисон мекунам. Ва дар нақша дорам консерте низ баргузор кунам»,  — мегӯяд,  Чоршанбе.

Зиндагии сароянда: аз бекорӣ то тӯйгардӣ

Чоршанбе Аловатов баъди ширкат варзидан дар озмунҳо як сол дар Оркестри симфонии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон ба ҳайси овозхон кору фаъолият мекард. Вале чанде пеш аз ин ҷои кораш маҳрум шуд.  

«Вақте ман дар даври дигари озмуни “Central Asia Got Talent” , ки дар Қазоқистон баргузор шуд, ширкат кардам, пас аз бозгашт аз ҷои кор ба ман гуфтанд: «Моро хабар накардӣ ва ҳам дар чанд консерт ҳунарнамоӣ накардӣ, пас ҷойро холӣ кун» — мегӯяд Аловатов дар суҳбат бо “Sputnik Тоҷикистон”

Ҳамин тавр, сарояндаи ҷавон бо сабаби муаррифии Тоҷикистон дар як озмуни байналмилалӣ бекор монд, вале рӯҳафтода нест. Ӯ барои саҳнаи бузург талош дорад. 

Чоршанбе мегӯяд, ки даромади аслии хонаводаи санъаткори Аловатовҳо аз тӯйгардӣ аст. Вале ӯ аз паст будани баҳои санъат афсӯс мехӯрад.

«Мешаванд, лаҳзаҳое, ки тӯйдор хоҳиш мекунад, ки нархро каме арзонтар кунем. Агар дар асл ин одам шароит надошта бошад, буданд чунин ҳолатҳо, мо розӣ мешавем. Вале, вақте ашхоси доро, кӯшиш мекунанд, «савдо» кунанду қимати ҳунарро паст кунанд, ин ҳузнангез аст. Онҳо намефаҳманд, ки барои ҳунарнамоӣ дар як гурӯҳ на кам аз ҳафт-ҳашт кас машғул аст ва асбобҳо ҳам гарон ҳастанд. Дар баробари ин, ҳар яки овозхонон патент дорад, ки бояд ҳар моҳ пардохт шавад», — мегӯяд Чоршанбе.

Новобаста аз мушкилоти мавҷуда Тоҷикистон аз Аловатови ҷавон умеди зиёд дорад ва интизори ғолибияти ӯ дар озмуни “Central Asia’s Got Talent” аст.

Одил Нозир,

“Тоҷикистон”

P.S. Дар мавриди ғолиби дигари  “Central Asia’s Got Talent” аввалин театри рақсии тоҷик – “Падида” дар шумораҳои оянда муфасал хоҳем навишт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *