“ДАФ” 2 мусофири “Опел-Вектра»- ро кушт 

Дар рӯзи дуюми сентябри соли равон ронандаи автомашинаи  тамғаи “ДАФ” марди 31-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми  ҳаракат аз самти ноҳияи Рӯдакӣ ба самти ноҳияи Ёвон, дар наздикии деҳаи Чаманзори ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, таҳти идораи ронанда, марди 61-солаи сокини ноҳияи Ёвон бархӯрдааст.

Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра” ва мусофиронаш зани 45-сола ва духтарчаи 15-солаи сокинони ноҳияи Ёвон ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *