Данғара-вилояти нав дар Тоҷикистон

Чанд соли охир дар Тоҷикистон сару садо дар бораи эҳтимоли ба маркази вилояти Хатлон табдил ёфтани ноҳияи Данғара баланд мешуд, вале мамқомот дар тасдиқи ин худдорӣ мекарданд. Ҳафтаи охир бошад, ду манбаъ — раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва мудири Бахши меъморӣ ва шаҳрсозии Данғара Шукрулло Бахтиёр эълон карданд, ки Данғара маркази вилоят хоҳад шуд.

7 феврали соли равон Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон дар нишасти хабарӣ ба маркази вилоят табдил ёфтани ноҳияи Данғараро тасдиқ кард ва гуфт, ки барои корҳои ободонӣ дар он ҷо корхонаву ташкилот вобаста шудаанд.

Ҷаноби Ҳакимзода вақти муайяни аз як ноҳия ба маркази маъмурӣ табдил ёфтани ноҳияи Данғараро нагуфт ва танҳо афзуд: «Сохтмони чанд иншоот ҷараён дорад… Маблағи бениҳоят зиёд зарур аст. Ин кор то 30-солагии ҷашни Истиқлолияти давлатӣ намешавад…”

Дар ҳамин ҳол, як рӯз пеш аз ин мудири Бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳияи  Данғара Шукрулло Бахтиёр хабар дод, ки нақшаи генералии ноҳияро ба ҳайси маркази ояндаи маъмурӣ омода карданд, вале он ҳанӯз пурра тасдиқ нашудааст. Ин нафар гуфаи худро бо он асоснок мекунад, ки дар ҳоли ҳозир дар ноҳияи Данғара сохтмони даҳҳо иншоот, аз ҷумла қасри бузурги фарҳанг дар назар дошта шудааст.

Бояд гуфт, ки ҳанӯз моҳи августи соли 2017 собиқ раиси ноҳияи Данғара Маҳмадулло Сайдализода нақшаи генералии  ноҳияро 6000 гектар гуфта буд.  

Гуфта мешавад, ки мақомот тасмими кӯчонидани марказҳои маъмуриро ба ободу зебо кардани шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ, хусусан Данғара арзёбӣ мекунанд.

 Бояд тазаккур дод, ки аз оғози солҳои 2000-ум дар ноҳияи Данғара сохтмонҳои азим шурӯъ шуда, то ҳол идома доранд.

Дар ноҳия соли 2005 намояндагии Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистонро таъсис намуда, дар соли 2012 ба Донишгоҳи давлатии Данғара табдил доданд. Соли 2016 Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ҳам дар ноҳия таъсис ёфт. Он замон мақомот таъсиси Донишгоҳи давлатии тиббиро дар Данғара ба хотири рафъи норасоии пизишкон дар вилояти Хатлон гуфта буданд.

Дар ноҳияи Данғара минтақаи озоди иқтисодӣ ҳам амал мекунад, ки ба гуфти мақомот, дар ҳудуди он чандин корхона бунёд шуда, як бахши он ба кор оғоз кардааст. Дар ин ноҳия сохтмони корхонаи истеҳсоли маводи тарканда ҳам ҷараён дорад.

Ноҳияи Данғара 8 июли соли 1932 дар заминаи Қизилмазори ноҳияҳои Кунгурти вилояти Кӯлоб ташкил ёфтааст.

Таҳияи

Ҳ. ТОҲИРӢ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *