Данғара нархи сӯзишвориро арзон мекунад

Нахустин марҳилаи корхонаи коркарди нафти ноҳияи Данғара моҳи сентябри соли ҷорӣ фаъол хоҳад шуд. 

Сафаралӣ Тайфуров, муовини раиси Минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” имрӯз, 27-уми июл дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, корхонаи мазкур калонтарин дар Осиёи Марказӣ хоҳад буд ва барои поин рафтани нархи маҳсулоти нафтӣ дар кишвар мусоидат хоҳад кард.

Дар ҳоле, ки қисми зиёди бозори маҳсулоти нафтии Тоҷикистонро “Газпром” ба ихтиёри худ гирифтааст, Тайфуров мегӯяд, бо фаъол шудани корхонаи нафти Данғара дар бозори сӯзишворӣ рақобати солим бештар мешавад: “Албатта рақобати бештар боиси поин рафтани нархи сӯзишворӣ дар кишвар мегардад”.

Ба гуфтаи Тайфуров корхонаи нафти Данғара бензини навъи Евро 3, Евро 4, сӯзишвории дизелӣ, битуми сохтмонию роҳсозӣ, парафин ва гази моеъро истеҳсол мекунад. Ба иттилои манбаъ, корхона дар марҳилаи аввал 500 ҳазор тонна нафти хомро коркард хоҳад кард: “Дар марҳилаи дуюм иқтидори коркарди нафти хом то 1 миллиону 200 ҳазор тонна ва дар марҳилаи сеюм то 1,5 миллион тонна расонда хоҳад шуд”.

Сафаралӣ Тайфуров иттилоъ дод, ки корхонаи коркарди нафт дар минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” бо сармоягузории ширкати “Хелли”-и чинӣ аз ҷониби ҶДММ “Тека Ойл” бунёд гардида, нафти хом барои он аз кони Шибирғони Афғонистон ва Қазоқистону Русия ворид мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *