Дана Уайт макони рақобати Ҳабиб ва Ҷастинро эълон кард

Президенти UFC Дана Уайт дар як изҳороташ макони баргузории рақобати қаҳрамони UFC Ҳабиб Нурмагомедов ва размгари амрикоӣ — Ҷастин Гейҷиро эълон кард, хабар медиҳад тв Варзиш.

Ба гуфти Дана рақобати варзишгари доғистонӣ  Ҳабиб ва рақиби амрикоии ӯ  Ҷастин Гейҷи дар шаҳри Абу-Дабӣ баргузор хоҳад шуд.

Ба гузориши MMAFIghting UFC барои гузаронидани чорабиниҳояш бо Аморати муттаҳидаи Араб созишномаи панҷсола ба имзо расонидааст. Дар бораи набарди Ҳабиб ва Ҷастин ҳоло санаи дақиқ эълон нагаштааст. Қаблан менеҷери Ҳабиб гуфт, эҳтимол дорад рақобати Гейҷи ва Ҳабиб моҳи сентябр баргузор шавад, вале то ҳол ин масъала ба пуррагӣ ҳал нашудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *