Дандони ақл. Чаро он дард мекунад?

Дандони ақл, бо вуҷуди он ки хеле дер мебарояд, боз барои инсон дарду нороҳатии зиёдеро ба бор меорад. Рафту дандони ақл дард кунад, онро кандан лозим аст ё табобат бояд кард? Ба ин саволи маъмултарини соҳаи дандонпизишкӣ посух меҷӯем.

Нишонаҳои баромадани дандони ақл

Аксаран дандони ақл наздики 20-30 –солагӣ аз худ дарак медиҳад. Дар баъзеҳо бошад, он умуман намебарояд. Рафту шумо ба шумораи чунин нафарони батолеъ ворид нагашта бошед, аз рӯи нишонаҳои зерин аз баромадани он огаҳӣ пайдо карда метавонед:

Варам, сӯзиш ва илтиҳоби вораҳои кунҷи даҳон,

Дарди ҷоғи рӯй, гӯш ва устухони рухсора,

Варам кардани гиреҳҳои лимфавӣ,

Дард ҳангоми фурӯ бурдани хӯрок,

Баландшавии ҳарорати бадан.

Аломатҳои беморӣ аз хусусиятҳои фардии ҳар шахс вобастагӣ дорад. Ҳолатҳое мешавад, ки баромадани дандони ақлро тамоман эҳсос намекунанд ва ин маънои онро дорад, ки дандон дуруст месабзаду ба дандонҳои ҳамсоя халал намерасонад.

Чаро дандони ақл дард мекунад?

Ҳангоми бо душворӣ баромадани дандони ақл вораҳо ба дард меоянд. Сабабҳои он зиёданд:

Дистопия

Дар ин ҳолат дандони ақл бо сабаби кам будани ҷой нодуруст мебарояд. Агар сари вақт дандон канда нашавад, ҷароҳат бардоштани пардаи луобии рухсора ва каҷ шудани дандонҳо ба вуҷуд меояд.

Ретенсия

Ҳолатҳое мешавад, ки дандони ақл бо таъхир мебарояд. Дар ин ҳолат тоҷи дандонро қисман буридан ё пурра дар зери сақф пинҳон кардан мумкин аст. Дер баромадани дандони ақл боиси нороҳатӣ ва худро бад ҳис кардани инсон мегардад.

Перикоронит

Дар сурати нопурра ё бо душворӣ баромадани дандон илтиҳоби вораҳо имкон дорад, ки сабабаш паҳншавии сироят дар зери қисмати болоии дандони ақл аст - ин қисми пардаи луобпардаест, ки ҳангоми тарқиш дандонро мепӯшонад.

Дандони ақлро канем ё табобат кунем?

Аксарият чунин савол медиҳанд: «Дандони ақл барои чӣ лозим аст, чаро ин қадар мушкилӣ ба бор меорад?!» Аслан табиат ҳар чизеро меофарад, аз он нафъе ҳатман мерасад. Дандони ақлро ҳамчун поя барои сохтани протезҳо истифода бурдан мумкин аст. Рафту дандони ақл ҳангоми баромаданаш дард мекарда бошад, ҳатман ба назди дандонпизишк равед. Баъди ташхис табиб хулосаи даркорӣ мебарорад. Агар духтур кандани онро тавсия диҳад, дудила нашавед, балки барои ҷарроҳӣ омода бошеду гуфтаҳои табибро риоя намоед.

Дандони ақлро чӣ гуна бояд канд?

Кандани дандони ақл амалиёти душвор ба шумор меравад, ки аз ҷарроҳ таҷрибаву кордонӣ талаб мекунад. Аслан амалиёти кандани он дар дармонгоҳ бо сӯзандоруи таскинбахш гузаронида мешавад. Қабл аз амалиёт ташхис ва табобати антибактериавӣ гузаронида мешавад.

Дар тамоми синну сол кандани дандони ақл мушкиле надорад, муҳимаш мутахассиси хуберо пайдо намоед, ки амалиётро зуд ва дуруст анҷом диҳад. Рафту баъди чанд рӯзи кандани дандони ақл варам нагашта, вораҳо дард кунанд ё хунравӣ сар шавад, дарҳол ба табиб муроҷиат намоед.

Тавсияҳо баъд аз кандани дандони ақл:

Давраи баъди ҷарроҳӣ чанд ҳафта давом мекунад. Барои рафъ намудани оқибатҳои ногувор табиб ба бемор табобати зиддиилтиҳобӣ, таскинбахш ва парҳези махсусро тавсия медиҳад. Баъди ҷарроҳӣ табиб ҳатман барои нигоҳубини даҳон баъд аз амалиёти кандани дандон тавсияҳо медиҳад, ки чунинанд:

-2 соат пас аз ҷарроҳӣ хӯрок истеъмол накунед;

-хӯроки аз ҳад зиёд гарм ё сардро муддати чанд рӯз истеъмол накунед;

-бештар хӯроки нарму мулоим истеъмол кунед;

-хӯрокро кам-кам бо дандони солиматон хоида, баъдан фурӯ баред;

-аз хӯроки тунд, шӯр, ширин ва машрубот худдорӣ намоед;

-баъди истеъмоли ғизо даҳони худро обгардон кунед.

Риоя намудани тамоми тавсияҳои табибон ҷараёни табобатёбиро тезонида, пайдоиши илтиҳобро пешгирӣ менамояд.

Агар дандони ақлатон дард мекарда бошад, бо худтабобаткунӣ машғул нашавед. Дарҳол ба табиб муроҷиат кунед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *