Дар Ӯзбекистон бонкоматҳои фурӯши тилову нуқраро насб мекунад

Дар Ӯзбекистон ба нақша гирифта шудааст, ки мошинҳои автоматии фурӯши тило ва нуқраро бо вазни 1,3 ва 1,5 грамм насб кунанд. Ин нуқта дар лоиҳаи фармони президент «Дар бораи чораҳои минбаъд диверсификатсияи хадамоти сайёҳӣ», ки дар сомонаи расмии ҳуқуқ интишор шудааст, гуфта мешавад.

Гуфта мешавад, ки чунин бонкоматҳо то нимаи соли 2020 дар Тошканд, Бухоро, Самарқанд, Хоразм насб карда мешаванд ва то аввали соли 2021 дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ низ насби чунин банкоматҳо ба назар гирифта шудааст.

Дар соли равон мақомот инчунин ваъда доданд, ки системаи бақайдгирии сайёҳонро беҳтар карда, ба ин соҳа таваҷҷуҳи бештаре хоҳад дод. Инчунин дар фурудгоҳҳо ва истгоҳҳои роҳи оҳани Ӯзбекистон барои ҷалби бештари сайёҳон нуқтаҳои иҷораи планшетҳо кушода шудаанд.

Бояд гуфт, ки бонкоматҳои фурӯши тилову нуқра дар баъзе шаҳрҳои сайёҳи ба мисли Лас-Вегас насб карда шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *