Дар 5 шаҳри тоҷикӣ 5 мактаби русӣ месозанд

Фаъолияти макотиби русӣ бо низоми муосири таҳсил роҳандозӣ шуда, хонандагон ба он тариқи озмун қабул мешаванд

30 ноябир,  Алексей Оверчук, муовини нахуствазири Русия аз сохтмони як матаби русӣ дар шаҳри Душанбе дидан кард.

Ин яке аз он панҷ мактабест, ки дар саросари Тоҷикистон сохта мешавад.

Оверчук пас аз боздиди корҳои сохтмонӣ дар мактаби русие, ки дар маҳаллаи Зарафшони пойтахт сохта мешавад, ба хабарнигорон гуфт, дар ин мактабҳо 1200 хонанда дар як вақт хоҳанд хонд.

Барномаи таълимии мактаб аз сӯи Донишгоҳи Алтайи Русия таҳия мешавад ва ба қавли масъулин бо ҷониби Тоҷикистон мувофиқа карда мешавад.

Ин мактабҳо интизор меравад то соли нави хониши 2022 пурра бунёду таъмир гашта, аввалин хонандаҳоро қабул кунанд.

«Ман ҳанӯз соли 2020 ба Душанбе омадам ва бо раисиҷумҳури Тоҷикистон мулоқот кардам ва онкас аз мо дархост карданд, ки сохтмони мактабҳоро тезонем, чун дар Тоҷикистон ба омӯзиши забони русӣ таваҷҷуҳи хоса доранд», — афзуд Оверчук.

Ӯ гуфт, макотиб бо мудернтарин таҷҳизот барои омӯзиш таъмин хоҳанд шуд.

Гуфта мешавад, барои кор дар ин муассисаҳо асосан омӯзгоронро аз Русия меоранд ва муаллимон аз Тоҷикистон низ ба кор ҷалб мешаванд.

Мавриди зикр аст, ки Русия бо ҳадафи боло бурдани ҷойгоҳи забони русӣ дар хориҷи кишвар чанд лоиҳаро татбиқ мекунад, ки онҳо сохтмони макотиб, ирсоли муаллимон, маводи таълимӣ ба кишварҳои хориҷӣ ва такмили ихтисоси муаллимони забони русро фаро мегиранд, иттило медиҳад – Sputnik.

Русия ният дорад, дар панҷ шаҳри Тоҷикистон — Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Турсунзода мактаби русӣ созад, ки муҳассилин дар он аз тариқи озмун аз навоҳии гуногуни кишвар қабул шуда, таълимро аз рӯи барномаи қабулшуда дар Русия роҳандозӣ намояд.

Ҳамзамон барои тақвияти забони русӣ ҳоло муаллимон аз Русия дар Тоҷикистон ба мактабачаҳо дарс мегӯянд.

Созишнома дар бораи сохмони мактабҳои русӣ миёни Тоҷикистон ва Русия моҳи апрели соли 2019 ба имзо расида буд ва он моҳи феврали соли 2020 аз тарафи Думаи давлатӣ ва шӯрои Федератсияи Русия тасдиқ ёфт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *