Дар 6 моҳ 16 сархатиби суғди паси панҷара рафтанд

 

Ҳабибулло Воҳидов, прокурори  вилояти Суғд аснои сўҳбаташ бо рўзноманигнорон  гуфтааст, ки давоми 6 моҳи соли ҷорӣ алайҳи 16 нафар сархатибони ҷомеи марказӣ, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва имомони масоҷиди панҷвақта 16 парвандаи ҷиноӣ боз гардидааст:

«Парвандаҳои ҷиноятӣ асосан бо моддаи 307, иловаи 3, қисми 2 ва 189-и Кодекси ҷиноӣ оғоз карда шудаанд. Барои иштироки ғайриқонунӣ дар ҳизбу ҳаракатҳое, ки характери экстремистӣ-террористӣ доранд ва фаъолияти онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон боздошта шудааст ва ё манъ карда шудааст ва барои барангехтани кинаю адовати нажодӣ, миллӣ ва динӣ парвандаҳо оғоз карда шудаанд».

Воҳидов гуфт, ки  тафтишоти ҳамаи парвандаҳои ҷиноятӣ нисбат ба сархатибу имомхатибону имомону вилоят, ки  аз ҷониби мақомоти прокуратураи вилоят ва Раёсати КДАМ ҶТ дар Суғд ба анҷом расонида шудаанд, барои баррасӣ ба судҳо фиристода шудаанд ва аллакай ба қисмати зиёди онҳо ҳукмҳои айбдоркунандаи судҳо бароварда шудааст .

Моҳи июни соли равон суди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд 7 тан аз имом-хатибон ва ходимони масоҷиди шимоли кишварро барои узвият дар созмони фаъолияташ мамнўи «Ихвон-ул-муслимин» равонаи зиндон кард. Бо ҳукми суд Мақсуд Ўрунов, имом-хатиби масҷиди марказии шаҳри Конибодом ва Аббос Абдураҳмонову Ҳусейн Тухтаев, муовинони ў мўҳлати ҳабсро дар зиндони низомаш сахт пушти сар хоҳанд кард. Инчунин  Абдуҷамил Юсуфӣ, имом-хатиби масҷиди марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Сулаймон Болтуев имом-хатиби масҷиди ҷомеи шаҳри Гулистон (собиқ Қайроққум), Ҳамзаалӣ Султонов, имомхатиби пешини масҷиди «Тақво»-и шаҳри Хуҷанд ва Маҳдӣ Болтаев, имом-хатиби масҷиди ҷамоати Навгилеми ноҳияи Исфара равонаи маҳбас шуданд. Ҳамаи ин 7 нафар аз 3 то 3 солу 4 моҳ аз озодӣ маҳрум гашта, ин мўҳлатро дар зиндони низомаш сахт пушти сар мекунанд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *