Дар 93 баста 100 килло ҳероин буд

Маводи мухаддирро ҳангоми санҷиши мошини боркаши шаҳрванди Тоҷикистон, ки 20 тонна пахта интиқол медод, пайдо карданд.

Хадамоти матбуоти Кумитаи давлатии гумруки Ӯзбекистон аз пешгирии вориди 100 кило нашъа ба ҳудуди Ӯзбеикстон хабар доданд.

Бино бар иттилои манбаъ, дар вилояти Сурхондарё, дар марзи Ӯзбекистону Тоҷикистон қариб 100 кило ҳероин ва хашиш ошкор ва мусодира шуд.
Маводи мухаддирро аз мошини боркаше, ки аз Тоҷикистон 20 тонна пахта интиқол медодааст, дарёфт карданд.

Ҳероинро саги хидматӣ, ки ҷойҳои махфӣ пинҳон карда буданд, пайдо намудааст, гуфта мешавад, ҳангоми кушодани боркаш зери фарши он 93 бастаи пластикӣ бо хокаи номаълум ёфт шуд.
Воҳидзода гуфт, дар умум мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар давоми ним соли ахир дар кишвар беш аз 1 тоннаву 695 кило маводи мухаддирро мусодира кардаанд.

«Зиёда аз 800 килоро Вазорати корҳои дохилӣ, кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ беш аз 600 ва Агентии назорати давлатӣ ва мубориза бо коррупсия беш аз 11 кило маводи мухаддирро ошкор ва мусодира карданд», — афзудааст манбаъ.
Ба гуфтаи Воҳидзода, дар ин давра фаъолияти 28 гурӯҳи ҷиноии иборат аз 64 нафар ва фаъолияти як гуруҳи мутташаккили ҷиноӣ иборат аз 2 нафар, ки ба воридот ва паҳнсозии маводи мухаддаир машғул буданд, ошкор ва қатъ карда шуд.

Гуфта мешавад, сарфи назар аз кам шудани ҳаҷми мусодираи афюн дар 6 моҳи аввал дар Тоҷикистон, афзоиши ҳаҷми мусодираи бангдона (бангдона ва ҳашиш) ба назар мерасад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *