Дар баҳси забон кӣ ҳақ: Рустами Ваҳҳоб ё Дорюши Раҷабиён?

Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» баҳси забонро то Рӯзи забон идома медиҳад. Чанде пеш журналист Савфат Бурҳонов дар саҳифаи худ дар шабакаи «Фейсбук» дар мавриди тоҷикӣ ё порсӣ ном доштани забони мо посте гузошт, ки зуд мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Дар шарҳи ин матлаб миёни шоир ва пажӯҳишгар Рустам Ваҳҳоб ва журналист Дорюши Раҷабиён мубоҳисае сурат гирифт, ки он хеле ҷолиб аст. Бинобар ин, мо тасмим гирифтем, ки як қисмати он баҳсро пешкаши шумо гардонем.

Rustam Vahhob: «Тоҷикӣ ё порсӣ?» не, балки «тоҷикӣ ва порсӣ».

Dariush Rajabian: Rustam Vahhob, манзур аз «тоҷикӣ ва порсӣ» чист?

Rustam Vahhob: Беҳуда баҳсеро доғ кардаед, ки фарҷоме надорад, ҷуз  дилозорӣ. Ин мавзӯи ҳалшуда аст. Боз садҳо соли дигар, ки умрашон  дарозтар бод, дар Тоҷикистон тоҷикӣ, дар Афғонистон дарӣ ва дар Эрон  форсӣ хоҳанд гуфт ва ин амр монеъи иштироки фарҳангию адабӣ нахоҳад шуд.

Dariush Rajabian: Баҳсро беҳуда оғоз кардаанд, чун дар ягонагии забони  порсӣ шакке нест. Ба қавли Сафват, «хари кӯр» ҳам медонад, ки «тоҷикӣ»  ҳамон порсӣ аст. Аммо таъкиди шумо, Rustam Vahhob, бар «тоҷикӣ ва порсӣ»  ба ҷои «тоҷикӣ ё порсӣ» оё бад-ин маъност, ки шумо ба афсонаи «форсӣ ва тоҷикӣ ва дарӣ» тан додаед ва инҳоро се забони муҷаззову мустақил  медонед ва узуму ъинабу ангурро се чизи мухталиф мехонед?

Rustam Vahhob:

Маро то ҷон ба тан бошад, ҳамон ангур хоҳам гуфт,

В-агар дар зери дорам, қиссаи Мансур хоҳам гуфт.

Dariush Rajabian: Пас ангури Шумо агар «тоҷикӣ» аст, порсӣ ва дариро  узум ва ъинаб медонед ё на, онҳоро чизҳое мутафовиту муҷаззо медонед,  Rustam Vahhob?

Rustam Vahhob: Шумо як хӯша ангурро бардоред ва аз ҳар тоҷике аз пири  садсола то тифли яксола бипурсед, ки инро ба тоҷикӣ чӣ мегӯянд? Ӯ хоҳад  гуфт «ангур!». Ва ин итмоми ҳуҷҷат аст.

Dariush Rajabian: Иттифоқан, «ангур»-и ин достон ҳамон «порсӣ» аст, чун  дар сарзаминҳои мо аз асолати бештаре бархӯрдор аст. Аммо бароям ҷолиб  буд, ки оё касоне, ки «тоҷикӣ ё порсӣ»-ро ба шакли «тоҷикӣ ва порсӣ»  ислоҳ мекунанд, аз чӣ мантиқе бархӯрдоранд ва бар пояи чӣ усуле ақлонӣ  истидлол мекунанд. Ҳамон гуна ки ин ҷо дар намунаи ангуру узуму ъинаб  равшан шуд, ҳеҷ истидлоли мантиқӣ дар бисоташон нест. Истидлол сирфан  маҳаллӣ аст, на ъилмию ъақлонӣ.

Rustam Vahhob: Зимнан, маълум бод, ки Тоҷикистон «маҳал» нест, чун Эрону Афғонистон кишвар аст ва беш аз ин — Ватан аст.

Dariush Rajabian: Рӯи ин ҳисоб, Ватани шумо ҳам сайёл ва тағйирпазир аст; ба монанди ҳувияти забонитон. То дирӯз он Ватан паҳновартар буду  Бухоро ном дошт; бо шамшери сурх фақат кӯҳистонаш боқӣ монду Тоҷикистон  шуд ва боқии он Ватан фаромӯш шуд. Ва фардо ҳам дасти сиёсат метавонад  он тасаввур аз Ватан ва ҳувияти миллию забониро тағйир диҳад. Чиро?  Зеро боди сиёсат ҳеҷ навъ пойдориро намешиносад ва тан додан ба боди  сиёсат тамоми арзишҳои усулию бунёдинро ҳам савор барбод мекунад. Дар  натиҷа, мафҳуми Моми Меҳан ва забони модарӣ ҳам мутағайир мешавад. Аммо  ҳастанд касоне, ки шамшери сиёсат ба қалбу зеҳнашон рахна накардааст ва  арзишҳои миллишон пойдор аст ва забонашон, ҳамон гунна, ки пеш аз таҷовузи  сурх буд, порсӣ аст. Ин даста аз афрод таҷовузнопазиранд.

Rustam Vahhob: Мо ҳеч гоҳ чунин мавзӯъеро матраҳ накарда ва бод  надодаем. Мо ба забони модарии худ, ки тоҷикӣ ном дорад, сухан мегӯему  менависем. Ҳар кӣ ин забонро (ба ҳар унвоне) бо забони худ муштарак  медонад ва мепазирад, дар баробари ӯ иноду инкор надорем.

Dariush Rajabian: Порсию тоҷикию дариро се забон  медонед ё се номи як забон?

Rustam Vahhob: Тоҷикӣ — яъне порсӣ ва дарии ноб.

Dariush Rajabian:  Пас дар мавриди  ягонагии забон ихтилофи дидгоҳе нест, ки айни ҳамон бароянди достони  ангур аст. Дар мавриди дахлу тасарруфот дар забон ҳам мешавад аз тариқи  ниҳодҳои марбута мавзӯъро тарҳу баррасӣ кард, агар ниёз ба ҳифзи забони  меъёри воҳид дарк шуда бошад. Бар сари номи забон, аммо, аз Рӯдакӣ  гирифта, то Аҳмади Дониш ва ҳатто Айнии пешошӯравӣ бо шумо мухолифанд ва  онро порсӣ медонистанд, ки ба сифати «дарӣ» ҳам музайян шудааст. Дигар  ин ки забони порсии имрӯзи Тоҷикистон, ки хостгоҳи ин забон буда, дар  низортарину бадтарин ҳолати мумкин қарор дорад ва аслану абадан дархури  ҷойгоҳи порсии дарӣ нест.

Rustam Vahhob: Агар истилоҳи устувори «забони тоҷикӣ» мавриди таҳоҷум  қарор намегирифт, ниёз ба чунин баҳсе ҳам ба миён намеомад.

Dariush Rajabian: Агар истилоҳи «забони тоҷикӣ» устувор буд, ниёзе ба  чунин баҳсҳо ҳам набуд. Ин баҳсҳо моли имрӯзу дирӯз нест ва пешинаи бас тӯлое дорад, ки ҳокӣ аз сиёсӣ будани ангезаи созандагони истилоҳи  «забони тоҷикӣ» аст.

Rustam Vahhob: Сиёсӣ нест! Ва агар сиёсӣ ҳам бошад, бар зиёни миллату кишвари мо нест.

Dariush Rajabian: Сад дарсад сиёсӣ аст, чун забони қадару тавонманди  порсӣ набояд дар баробари забони импротурӣ (русӣ) қад ъалам мекард.  Дигар ин ки набояд берун аз марзҳои Шӯравӣ кишварҳои дигаре бо ҳамин ном  забони расмӣ медоштанд, ки доштанд. Аз ин рӯ, дар соли 1928 забоне, ки  дар Бухоро расман «форсӣ» ном дошт, ба салоҳдиди Кремлин «забони тоҷикӣ»  номида шуд.

Таҳмили ҳувияти забонии ҷаълӣ ба дасти бегонагон бар сари як миллат  наметавонад ба суди он миллату кишвар бошад. Тазъифу тасғири забон,  мусалламан, бар зиёни миллату кишвари Тоҷикистон буду ҳаст.

Rustam Vahhob: Забони зиндаи тоҷикӣ ҳанӯз дар беҳтарин ҳол қарор дорад  ва рӯ ба рушд аст ва Худо хоҳад дар чанд соли оянда намуна хоҳад шуд.

Dariush Rajabian: Порсии имрӯзи Тоҷикистон, чӣ манзур забони зиндаи  кӯчабозор бошаду чӣ забони мақомҳо ва ҳатто адибон, ба далели дурӣ аз  бистари табиии худ, ки хатти порсӣ бошад, дар ҳоли фурӯ рехтан аст. Ва  танҳо нӯшдоруи он бозгашт ба хатти порсист.

Rustam Vahhob: Эй кош, ба ҷойи ин баҳсҳо мисли Доро Наҷот аз ин ганҷи  шойгони зинда фарҳангҳо месохтем ё мисли пажӯҳандагони Институти забон  ин ганҷи парешонро дар фарҳангҳо гирдоварӣ мекардем.

Dariush Rajabian: Мешавад дар айни анҷом додани чунин баҳсҳо чунон  корҳоро ҳам кард. Ё ҳатто маҷаллаҳои марбута мунташир кард, пажӯҳишҳои  марбута анҷом дод. Шуданист.

Аммо ҳамаи он корҳо, агар фақат ба пириллик анҷом бигирад, об дар ҳован  кӯбидан хоҳад буд. Агар ба ростӣ хоҳони пойдории забони миллии тоҷикон  ҳастем, бозгашт ба хатти порсӣ бояд авлавият бошад. Шӯрбахтона, нигоҳи  сиёсӣ ва ғайритоҷикона ба ин мавзӯи батамом фарҳангию ҳувиятӣ то кунун  бар баданаи фарҳангию ъилмии Тоҷикистон осебу газанди фаровоне ворид  кардааст.

Rustam Vahhob: Ҳеҷ кас монеъи омӯзиши алифбои форсӣ нашуда ва баръакс  дар мактабҳо омӯзиш мешавад, аммо ҳатто мутахассисоне, ки ҳозир ҳастанд  соатҳо рӯйи зарурати омӯзиши ин алифбо ба ҷарру баҳс машғул бошанд,  ҳавсала намекунанд, ки ҳафтае чанд соат амалан ба омӯзиши он шуғл  варзанд. Ҳаёҳу осонтар аст.

Dariush Rajabian: Омӯзиши алифбое, ки ҳеч корбурде надорад, ба чи дарде  мехурад? Вақте ки ҳеч барномае барои гузор ба хатти порсӣ вуҷуд надорад,  чӣ касе моил аст он хатро ёд бигирад? Манзур мардуми ъавом ҳастанд, ки  аз фавоиди он дабира огоҳ нестанд. Дар натиҷа, ҳатто омӯзгорони алифбои  порсӣ он дабираро бахубӣ фаро нагирифтаанд. Бояд бо чашмандози бозгашт  ба хатти порсӣ ва бозгушудани ганҷинаи лоятаноҳӣ ба ин хатту забон  порсиро дар мадрасаҳо омӯзиш дод. Ба мутахассисоне ҳам, ки ба қавлишШумо  фақат ҳаёҳӯ мекунанд, бигӯед, ки метавонанд ба монанди гурӯҳи «Забони  порсӣ» ҷузваи омӯзиши хат дар 24 дарс ва дарсҳои омӯзиши хат аз тариқи  YouTube ва барномаҳои мушобеҳи дигар созмон диҳанд. Шумо ҳам дар ин  росто дастбакор мешудед, баҳраи бештаре мебурдем…

Таҳияи О. СОҲИБЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

4 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *