Дар Данғара панҷ кас кушта шуд

Тақрибан 14 дар шоҳроҳи Душанбе – Кӯлоб дар ҳудуди ҷамоати Себистони Данғара дар наздикии маҳалли куштори сайёҳони хориҷӣ бар асари бархӯрди ду мошини «Мерседес” ва «БМВ” 5 нафар ба ҳалокат расиданд. Дар натиҷаи садама «Мерседес” хароб шуда, «БМВ” ба ҷарӣ сарозер шудааст. Ба гуфтаи шоҳидон, дар ин садама ронандаи «БМВ” сокини ноҳияи Фархор Ғаффор Маҷидов ва ду мусофираш, ки ҳарду зан ва аз Фархор будаанд, ҷон бохтаанд. Ҳамин тавр, як марду як зан аз мошини «Мерседес” ҳалок шудаанд. Гуфта мешавад, ки онҳо сокинони Данғара мебошанд. Мақомот дар бораи ин садамаи пурқурбонӣ то ин соат ҳанӯз ягон шарҳи расмӣ надодаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *