Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Дар Деваштич “Муссо” як зану як кӯдакро кушт

Вазорати корҳои  дохилии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки  дар пайи як садамаи нақлиётӣ дар ноҳияи Деваштич (Ғончии собиқ) шимоли кишвар ду нафар ба ҳалокат расидааст. 

Бино ба иттилои ин ниҳод, 11 июли соли равон сокини 46-солаи ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ дар ағбаи ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Деваштиҷ аз уҳдаи идораи мошини “Ҷип-Муссо”-аш набаромада, онро ба чуқурии тахминан 90 метр чаппа мекунад: «Дар натиҷа мусофирони автомашинаи мазкур зани 55-сола ва писарбачаи 4-солаи сокинони ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд»

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.