Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Дар ДМТ 13 академик ба донишҷӯён дарс мегӯянд

Соли равон 4743 нафар донишҷӯёну магистрон Донишгоҳи миллиро хатм карданд. Аммо раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки тақсимоти хатмкунандагонро моҳи сентябр ба роҳ монад. Ин нуктаро 15 июл Қобилҷон Хушвахтзода, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ ба журналистон ироа дошт.

Дар ҷараёни нишаст ректори донишгоҳ зикр кард, ки то ҳол 12%-и донишҷӯён шартномаи таҳсили худро пардохт накардаанд. Тибқи низомномаи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, донишҷӯ ҳатман шартномаи таҳсилро пардохт мекунад. Дар сурати пардохт накардани маблағи шартномаи таҳсил донишҷӯ ба сессияи санҷиши имтиҳонӣ роҳ дода намешавад.

“Тибқи талабот ва меъёрҳо имсол дар баъзе аз ихтисосҳо каме нархномаи шартномаи таҳсил боло рафт, аз ҷумла, дар факултетҳои ҳуқуқшиносӣ, моливӣ-иқтисодӣ ва тиббӣ”, — қайд намуд Қобилҷон Хушвахтзода.

Мавриди зикр аст, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон яке аз донишгоҳҳои бонуфузи кишвар ба шумор рафта, дорои 19 факултет, 111 кафедра, 7 кафедраи умумидонишгоҳӣ мебошад, ки дар онҳо 23 808 нафар донишҷӯ аз рӯи 112 ихтисос таҳсил мекунанд. Ҳамчунин, дар донишгоҳ 1 585 нафар омӯзгор, аз ҷумла, 13 академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, 179 нафар докторони илм, 512 нафар номзадони илм барои пешбурди фаъолияти таълимиву методӣ хизмат мекунанд.

Бахтовар Сафаров

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.