Дар Душанбе аниматсия, кино ва комикс омӯзонида мешавад

Дар шаҳри Душанбе “Студияи кӯдакон ва наврасони аниматсия, кино ва комикс-“Cartoon & Movie” ба фаъолият шурӯъ кард. Тавре Рустам Орифӣ, муассиси студия ба хабарнигори мо иттилоъ дод, аллакай ба қабули кӯдакону наврасон шурӯъ кардаанд.

Дар студияи “Cartoon & Movie” аз рӯи се самт-аниматсия, кино ва комикс хоҳишмандон қабул карда шуда, ба онҳо нозукии ин ҳунарҳо омӯзонида мешавад.

Чанде қабл Рустам Орифӣ нахустин комикси тоҷикӣ бо номи “Одамкитоб”-ро нашр намуд, ки аз ҷониби муштариён ва дӯстдорони ин навъи ҳунар хуш пазируфта шуд. “Одамкитоб” ё худ “Bookmаn” қаҳрамони аниматсионӣ-фантастикӣ буда, аз мутолиаи китоб дорои қувваи аҷибе мегардад ва онро барои иҷрои корҳои нек масраф менамояд.

Ҳоло студия сабти филми бадеии “Чора”-ро оғоз кардааст. Ин филм оид ба нафароне қисса мекунад, ки дар кӯчаи сарбастаи зиндагӣ раҳгум зада, чораи халосӣ надоранд.

Амони Муҳаммад

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *