Дар Душанбе барф нест, дар роҳ ба Душанбе барфи шадид меборид

Дар ҳоле ки дар пойтахти мамлакат ва баъзе шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аз барф нишоне нест, дар масири роҳи Душанбе – Чаноқ, хоса аз километри 47  то 84 –ум  бориши шадиди барф падидаи маъмул аст.

Бориши барф   аз 26 ноябр шурӯъ гардида, алҳол бо таваққуфи кӯтоҳмуддат идома дорад.Дар ин бора  аз маркази матбуоти  филиали ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  хабар дода, зикр карданд, ки  бо дарназардошти ҳолати мавҷуда, кормандони филиали ширкати  мазкур  ҷиҳати таъмини ҳаракати муназзаму бемонеаи воситаҳои нақлиёт  дар ин  роҳ   тадбир    меандешанд. Бо ин мақсад ба таври шабонарӯзӣ навбатдорӣ  ташкил шуда, кормандони филиал  дар маҳалле, ки боришот нисбатан шадид аст, қарор дошта, роҳро  мунтазам бо маводи зиддилағжиш коркард  менамоянд.

Техникаҳои филиали Ширкат дар ҳолати омодабош қарор дошта, дар хонаҳои устои роҳ барои муваққатан ҷойгир намудани онҳое, ки дар роҳ бинобар иллат пайдо намудани воситаи нақлиёташон дармондаанд, шароит фароҳам оварда шудааст. Ба ғайр аз ин, хати доимоамалкунандаи филиали Ширкат бо шумораи   487011020 фаъол аст, ки тавассути он тамоми муроҷиатҳо қабул ва дар ин замина тадбирандешӣ  сурат мегирад.

Мутаассифона,   бо вуҷуди ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ, як идда ронандагон бе омодагӣ (манзур набудани занҷир, аз ҷиҳати техникӣ комил набудани воситаи нақлиёт ва ғайра) ба роҳ мебароянд. Дар натиҷа чунин ронандагон дар роҳ ба мушкилӣ мувоҷҷеҳ гардида, барои ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёт  монеа эҷод менамоянд.

Бояд ёдовар шуд, ки филиали Ширкати саҳомии «Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини ҳаракати муназзаму бемонеаи воситаҳои нақлиёт  дар фасли сармо  омодагии ҳамаҷониба гирифтааст ва аз тамоми  ронандагон хоҳиш менамояд, ки пеш аз сафар  воситаи нақлиёти худро аз муоинаи техникӣ гузаронида, дигар воститаҳои техникиро, ки  ҳангоми ҳаракат дар ҳолати боридани барфу борон    зарурати истифодаи онҳо ба миён меояд,  бо худ гиранд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *