Дар Душанбе бинои истиқоматӣ фурӯ рафт

Дар шаҳри Душанбе як бинои истиқоматӣ фурӯ рафт, ки кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда 72 сокини ин бинои осебдидаро наҷот доданд.

Тавре ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон хабар медиҳад, ҳодиса бегоҳии рӯзи ҷумъа рух додааст. “Соати 20:58 дақиқа ба навбатдори фаврии қисми навбатдории Маркази идоракунии ҳолатҳои буҳронии Кумита хабар расид, ки плитаи оҳану бетонии боми зинапояи ошёнаи панҷуми бинои 7 М4, кўчаи Испечак 1, воқеъ дар пушти тарабхонаи Шаҳриёр, фурӯ рехтааст. Соати 21:01 дақиқа 26 нафар наҷотдиҳандагони Маркази таъиноти махсуси кофтуковиву-наҷоти Кумита ва Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати Кумита дар шаҳри фавран ба ҷои ҳодиса сафарбар карда шуда, ба корҳои эвакуатсионӣ шурўъ намуданд. Аз ҷониби наҷотдиҳандагони Кумита ва сохторҳои дахлдор 72 нафар истиқоматкунандагони бинои зикргардида ба хонаҳои ҳамсоягон ва хешовандони наздикашон интиқол дода шуданд”, мегӯяд манбаъ.

Аз ҷониби кормандони шуъбаи ВКД дар ноҳияи Сино 2 навбатдори шабонарузӣ ташкил карда шуда, корҳои бартарафсозӣ ба хотири таъмини амнияти шаҳрвандон ба 18.04.2020 гузошта шуд.

Сокинон ба маҳалли истиқомати худ баргаштанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *