Дар Фахробод «душманон»-ро несту нобуд сохтанд

» Гурӯҳи ғайриқонунии силоҳбадаст дар биноҳои маъмурӣ мавқеъ гирифта, нақшаи амалинамоии ҳодисаҳои харобкоронаро тарҳрезӣ менамуданд ва гурӯҳи дигар бошанд, бо убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ мехостанд вазъро дар яке аз минтақаҳои масъулиятноки марзӣ ноором созанд ...»

Дар размоишгоҳи Фахробод машқҳои тактикӣ барои пешгирӣ аз ҳуҷуми душман ва нест кардани ҳар гуна хавфу хатарҳо доир гардид

Дар машқгоҳи таълимии Фахробод ҳафтаи равон машқҳои баталионӣ -тактикӣ баргузор  шуд.

Бино ба иттилои  Вазорати мудофиаи Тоҷикистон , дар размоишгоҳ бо ҷалби ҷузъу томи Бригадаи ҳамлаовари десантӣ ва Баталиони сулҳҷӯёнаи Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳ тамринҳо доир гардиданд.

Бо оғоз гардидани машқҳо гурӯҳҳои ташкилёфта ба муайян кардани мавқеи ҷойгиршавии душмани шартӣ оғоз намуданд.

«Тибқи матлаби баргузории тамринҳои навбатӣ гӯё гурӯҳи ғайриқонунии силоҳбадаст дар биноҳои маъмурӣ мавқеъ гирифта, нақшаи амалинамоии ҳодисаҳои харобкоронаро тарҳрезӣ менамуданд ва гурӯҳи дигар бошанд, бо убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ мехостанд вазъро дар яке аз минтақаҳои масъулиятноки марзӣ ноором созанд», — омадааст дар хабарномаи вазорат.

Ҳамин тариқ, бо мақсади пешгирӣ аз ҳар гуна хавфу хатар ва пешгирӣ аз ҳамлаи душманони шартӣ байни қувваҳои сулҳхоҳ ва гурӯҳҳои ғайриқонунии силоҳдор муноқишаҳои мусаллаҳона сурат гирифт, ки дар натиҷаи он гӯё душманон маҳв гардиданд.

Мақсади асосии баргузор намудани тамринҳои навбатӣ, баланд бардоштани донишу маҳорати тактикии ҳайати шахсӣ ва омодагии доимии онҳо бар зидди хатару таҳдидҳои эҳтимолӣ мебошад, — мегӯяд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *