Дар Фархор динозавр ёфтанд!

Аз зери фарши хонаи як сокини ноҳияи Фархор скелети раптор, як навъи динозавр пайдо шудааст, ки 150 миллион сол қабл дар сайёраи Замин ба сар мебурданд. Соҳиби хона мӯътақид аст, ки ин махлуқ як сол пеш зинда буд ва онро бо доруи марги муш куштааст. Барои таҳқиқи скелети динозаври Фархор як комиссияи давлатӣ таъсис додаанд.

Аз зери фарши хонаи як сокини ноҳияи Фархор ҷасади (скелет)ҳайвониқадима динозавр пайдо шуда, муаррихон ва даҳҳо нафарро ба ҳайрат гузоштааст.

Муаррихон мегӯянд, ки пайдо шудани чунин скелет дар Фархор гувоҳӣ медиҳад, ки ин макон ҳазорсолаҳо таърих дошта, дар ин макон пеш аз одам ҳайвоноти гуногун зиндагӣ мекардаанд, аммо соҳиби хонае, ки аз он ҷасади (скелети) динозавр пайдо шудааст мегӯяд,ки ин ҷонвар то як соли пеш зинда будааст.

Авлиёқул Давлатмуродов, сокини кӯчаи Нуралӣ Исҳоқӣ ба»Пайк» қисса кард, ки се сол қабл дар хонааш одам зиста наметавонист ва онҳо гумон мекарданд, ки дар зери фарш калламушњо рафтуомад мекунанд ва ҳатто садои дањшатнок баланд мекарданд. Ӯ дар идомаи сӯҳбаташилова кард, ки келинҳояш аз тарс дар хона хоб намекарданд ва баъди ин ҳодисаҳо ахиран ман25 пачкаи доруи муш ба зери фарш рехтам ва баъди ин дигар аз сери фарш садо набаромад ва мо тинҷиро ҳис кардем.

Давлатмуродов илова кард, ки аз байн як сол сипарї шуд, бӯи ғализ як кӯчаро фаро гирифт ва ҳаммаҳаллаҳо хоҳиш карданд, ки ҳоҷатхонаро пушам, то бӯй аз байн равад, аммо ин бӯй аз байн нарафт.

«Се сол қабл дар ин хона хоб карда намешуд ва мо гумон мекардем, ки муш дар зери фарш овоз мебарорад, ҳатто келинҳоям метарсиданд, ки дар ин хона хоб кунанд. Баъди ин ҳодиса 25 пачкадорўи муш оварда, зери фарш рехтам ва баъди ин мо тинҷ шудем, аммо як сол баъд бӯи ғализ ҳамаро фаро гирифт ва ҳамсояҳо д гуфтанд, ки бӯй ҳоҷатхона аст, онро маҳкам кун. Мањкам кардам, аммо бӯй гум нашуд. Як сол бӯи ин аз хонаҳои ҳамсояҳо нарафт, дар ин миён ду маротиб фарши хонаро канданїшудам, вале шароит набуд накандам. Ҳоло бо фаро расидани шароит ва расидани дасти писаронам гуфтанд, ки биё фарши хонаро канда аз нав таъмир кунем. Баландии фарш низ 70 сантиметр аст. Баъди кандан ҷасади ин динозавр пайдо шуд, аммо даҳ рӯз моро нагузоштанд, ки фарши хонаро пур кунем. Баъдан ҳамаи устухонҳои динозарврро ҷамъ карда дар якҷо гузоштем. Ҳатто аз осорхона омаданд ва дар охир имрӯз раиси ноҳияи низ омад ва ҳоло қарор аст, онро ба Душанбе баранд. Пеш аз ин аз осорхона омаданд динозаврро 300 сомонӣ нархгузорӣ карданд, ман розӣ нашудам, ва як нафар аз Душанбе омад 7000 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ кард надодам, ва ҳоло раис гуфт, ки ин чизро дигар касе нарасад ва болои сари он ду корманди милиса истода посбонӣ дорад«,—илова кард Авлиёқул Давлатмуродов.

Сулаймон Вализода, раиси ноҳияи Фархор низ дар сӯҳбат ба «Пайк» ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, ки ҳоло як комиссия ташкил шуда, онро барои ташхис ба Душанбе хоҳанд бурд. Тибқи иттилоъи раис сардори ин комиссия муовини сарвазири кишвар Азим Иброҳим мебошад.

Пайдо шудани скелети динозавр дар ноҳияи Фархор дар ҳолест, ки соли 2013 низ чунин динозавр дар водии Вахш пайдо шуда, он скелет ба осорхонаи осорхонаи кишваршиносии «Бибихонум»-и шаҳри Қӯрғонтеппа интиқол дода шуда буд.

Коршиносон бар онанд, ки ин намуди Раптори оилаи динозаврҳо маҳсуб мешавад, ки 150 миллион сол қабл аз ин дар замин зиндагӣ мекарданд. Ин намуди Рапторҳо тибқи шаҳодати олимон аз 25 сантиметр то 12 метр дарозӣ доштанд. Раптори Фархор тахминиан 1метр тарозӣ дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *