Дар Хатлон зан 4 фарзанди худро буғӣ карда кушт

Мақомот мегӯянд, як зани сокини деҳаи Охолтуни ҷамоати Ориёни ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон чаҳор фарзандашро бо тариқи бӯғӣ кардан куштааст. Ҳодиса нисфирӯзии чаҳоршанбеи 9-уми сентябр рух додааст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо тасдиқи ин хабар гуфтанд, зане, ки чаҳор фарзанди ноболиғашро куштааст, 30-сол доштааст. Ба қавли манбаъ, дар ҳоли ҳозир ин зан дар боздошт қарор дорад.

Як манбаъ дар мақомоти маҳаллии вилояти Хатлон аз ин зан Назокатхон Тоирова ном бурд, ки дар давоми ду рӯзи охири қабл аз ҳодиса дар хонаи бародараш будааст. Ба гуфтаи манбаъ, шавҳари ин зан дар сохтмон кор мекардааст ва замони ҳодиса дар хона набудааст. Ин зан пас аз куштани чаҳор фарзанди 10, 8, 4 ва яксолааш, худ ҳодисаро ба милиса хабар додааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *