Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Дар Хуҷанд чи мегузарад? МУРОҶИАТНОМАИ Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд ба сокинон

Рӯзҳои охир шумораи гирифторон ва маргу мир аз афзоиш ёфтани КОВИД-19 дар шаҳри Хуҷанд ва атрофи он хабарҳои зиёде мерасанд . Ҳоло муроҷиатномаи табибони хуҷандиро ба сокинон нашр мекунем.

Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд ба маълумоти сокинон ва шаҳрвандон мерасонад, ки ҳамарўза аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шари Хуҷанд ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадобир ва чораҳои зарурӣ амалӣ шуда истодааст. Мутаассифона рӯзҳои охир ҳолатҳои нави сироятёбӣ, бахусус бидуни нишонаҳои хос ошкоршавии беморӣ табибонро ба ташвиш овардааст, ки сироятшиносон омили асосии онро дар риоя нашудани қоидаҳои беҳдоштӣ, бидуни ниқоб ба кўча баромадан ва масофаро риоя накардан дар мавзеъҳои ҷамъиятӣ медонанд.
Воқеан ҳам бархе шаҳрвандоне, ки дар аз миёни хонавода ва пайвандонашон бемории сироятии короновирус дарёфт шудааст, бо вуҷуди огоҳии чандкарата ҳамарўза ба кор ва ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳозир шуда, ба саломатии дигар шаҳрвандон низ хатар эҷод намуда истодаанд. Ё худ дар як оила зан ё мард гирифтори бемории короновирус шудааст, дидаву дониста фарзандҳояшонро ба мактаб гусел мекунанд ва ё нафари солим бо бемор дар як хона зиндагӣ намуда, худро дар фосила нигоҳ надошта, нисбати пешниҳодоти духтурони оилавӣ ва мутахасисони соҳаи тиб бепарвогӣ зоҳир намуда истодаанд, ки натиҷа бемор шуда ба афзун гардидани шумораи беморон оварда расонида истодаанд.
Бояд хуб дарк намоем, ки ин бемории хатарнок, ки дар як муддати кӯтоҳ бошиддат дар олам паҳн шуда, 213 давлати дунёро таҳти таъсир қарор дод, ки ҳатто кишварҳои абарқудрат ба он истодагӣ карда натавонистанд.
Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд аз рӯзҳои аввали пайдоиши ин беморӣ вазъи дар шаҳр баамаломадаро таҳлил намуда, барои пешгирӣ кардани паҳншавии он ҳамаи тадбирҳои фавриро андешида, корҳои фаҳмондадиҳиро бо аҳли ҷамъиятчигӣ доир ба риояи қоидаҳои беҳдошти шахсиву ҷамъиятӣ дар тамоми қаламрави шар ба роҳ мондааст. Ҳамзамон ҳамарўза масоили марбут ба сироятшавӣ ва роҳҳои пешгирии он дар Ситоди шаҳрӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидимикӣ баҳри пешгирӣ ва пайдоиши бемории сирояти нави коронавирус (COVID-19) мавриди баррасӣ қарор дода шуда, он зери назорати доимӣ мебошад.
Тамоми кормандони соҳаи тиб дар госпиталҳои таъсиснамудаи шаҳр, бо донишу маҳорати касбӣ, давраи вазнини мубориза бар зидди зукоми хавфнок – бемории сироятии коронавирусро бо ҷасорату матонат ва ҳатто ҷоннисорӣ барои наҷоти беморон сиппарӣ намуданд, нагузорем, ки боз давраи вазнини дигари он-авҷи дуюми беморӣ табибибон ва ҳамшираҳои шафқати мо ва худи моро дар ташвиш гузорад.
Моро танҳо лозим меояд, ки ҳангоми гирифторӣ ба ин беморӣ тавсияҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро ҷиддан риоя намоем. Бахусус ҳангоми сироятёбӣ яке аз узви оила, қоидаҳои беҳдоштӣ ва меъёрҳои иззолиётсиониро риоя намоем. Ба бемор то қадри имкон ҳуҷраи алоҳида, зарфҳои алоҳида, хўроки алоҳида ва дигар эҳтиёҷоти фардиро муҳайё созем. Ягон нафар аъзои оила то солим гардидани шахси сироятёфта, бидуни зарурат ба кўча, мактаб, кор ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ набояд равад.Хонаи истиқоматиашонро тарк насозанд. Зеро бо ин кирдор авзои сироятёбиро дар шаҳр муташанниҷ мегардонад. Ва мубориза алайҳи он душвортар мешавад.
Сокинони шаҳр то ҳанўз дар тӯю маъракаҳо, ҷойҳои дилхушӣ, бозору мағоза, боғҳои фарҳангӣ, майдончаҳои назди хонаҳои баландошёна бепарвоёна бидуни ниқоб ва фосилагирӣ ҷамъ мешаванд, ки манбаи сироятёбиро пайдо ва ё бемории сироятиро ба хонаводаашон интиқол медиҳанд.
Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд бори дигар аз сокинон ва меҳмонони шаҳр даъват ба амал меорад, ки тавсияҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъиян риоя намоянд, худ ва аҳли оилаашонро аз гирифторӣ ба бемории сироятии короновирус эмин нигоҳ доранд.
Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд
Хуҷанд. 24. 08.2020.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.