Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Дар Исфара зани 39-сола бо корд ҳамзисташро захмӣ кард

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби Кормандони милитсия зани 39-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Шӯроби шаҳри Исфара, ки пеш бо моддаи 237 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ба гумони бо корди хоҷагӣ ба китф ва шиками ҳамзисташ, марди 28-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Шӯроб задан, дастгир кардаанд.

Сомонаи ВКД хабар дод, ки номбурда, 1-уми июни соли 2021, тахминан соати 22:00, дар хонаи истиқоматиаш аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо корди хоҷагӣ ба китф ва шиками ҳамзисташ, марди 28-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Шӯроб задааст.

Дар натиҷа, марди 28-сола ҷароҳати ванини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст ва оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.