Дар Ҳисор мактаббача худро ба дор овехт

 Як гурӯҳ хонандагони мактаби таҳсилоти умумии №-2-и шаҳри Ҳисор хабари худро ба дор овехтатани писарбачаи 16 сола, ки аслан хонандаи синфи 10-и ин мактаб будааст, ба мо расониданд ва қайд крданд, ки Дилшод барои дупула гап қасди ҷони худ намудааст. Хабрнигори сомонаи «Tajikistantimes.com» дар пайи ҷустуҷӯи ин қазия гашта бо ҳамсинфон, муаллимаи мактаб ва падару модараш сӯҳбат намуд. Тавре, ки ҳамсинфон хабар доданд Дилшод рӯзи ҳодиса аз дарси дуюм, ки дарси муаллима Шарипова Сабоҳат будааст барои модарашро ба мактаб наоварданаш гап шунида, аз дарс ронда шудааст. Сабаби аз дарс пеш карда шуданашро муаллима чунин маънидод кард:

Як рӯз пеш аз ин ҳодиса  Дилшод бо талабаи дигар ҷанҷол намуда буд ва барои ин амалашон волидонашонро ба мактаб даъват кардем. Вақте Дилшод модарашро ба мактаб наовард, ӯро сарзаниш намуда, аз дарс пеш кардам. Ман вазифаамро иҷро кардам вале бачаи содда баҷои модарашро ба мактаб овардан, рафта худашро ба дор овехтааст. Ман низ модарам вале то ҳол виҷдонам азоб дода истодааст, ки чаро Дилшодро ҷанг карда аз дарсам пеш кардам мегӯяд муаллима Шарипова бо ашкҳои шашқатор.

Модари Дилшод, Латофат чунин афзуд:

Рӯзе, ки писиарам худашро куштааст, ман дар хонаи ҳамсоя будам. Духтарам тозон давида омаду гуфт: Оча, акаам худашро дар хона дор кашидааст? Шапотии обдоре ба рӯяш зада гуфтам, ки даҳонатро шамол барад вале духтарам гириста гуфтаҳояшро тасдиқ кард. Бо зани ҳамсоя давида омадем, дар даруни хона, бо шарфи худи ман бачаи бечораам худашро дор кашидааст. Писарам, чӣ дард дошт, дар мактаб кӣ фикри ӯро парешон кард ба ҷуз худашу Худо каси дигар намедонад.

Дар ин кор киро гунаҳгор медонед, ва чи чора аз рӯи ин парванда ҷуста шуд?

Падари Дилшод Бобоҷон Нуралиев чунин афзуд:

Ман дар муҳоҷират будам ва ҳамсарам ба ман занг зада гуфт, ки Дилшод ба бемории домана гирифтор шудаасту бояд зудтар баргардам. Вақте ба хона омадам алакай писарамро гуру чӯб карда буданд. Ҷанозаи писарамро дарёб накарда, бо шунидани хабари маргаш ҷигарам садпора  шуд.

Дар охир волидони ин писарбачаи 16-сола қайд карданд, ки мо аз рӯи ин ҳодиса ягон чорае наандешидаем ва нисбати муаллима Шарипова низ даъвое надорем.

Рустам Азимӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

17 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *