Дар Иттифоқи нависандагон сиёсатшинос адибро иваз кард

Абдуллоҳи Раҳнамо мудири шуъбаи робитаҳои хориҷии адабии Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон таъин шудааст.

Абдуллоҳи Раҳнамо, номзади илмҳои сиёсӣ, 10-уми марти соли 1971 дар ноҳияи Ҳисор зода шуда, фориғуттаҳсили Техникуми полититехникии Душанбе ва факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.

Аспиранти кафедраи сиёсатшиносии ДМТ буд ва дар сиёсатшиносиву диншиносӣ дар Ирон, ИМА, Миср ва Русия такмили ихтисос намуда, соли 2007 дар мавзӯи «Масъалаи ҳокимият дар равандҳои сиёсии Тоҷикистони муосир» рисолаи илмӣ ҳимоя намудааст.

Дар Дастгоҳи иҷроия ва Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон фаъолият намуда, чанд соли ахири мушовири ин марказ буд.

Муаллифи китобҳои «Ҳизби динӣ ва давлати дунявӣ», «Уламои исломӣ дар Тоҷикистон», «Ислом ва амнияти миллӣ», «Мавқеъи ҳизбӣ ва мавқеъи миллӣ» ва даҳҳо мақолаи илмию таҳлилӣ мебошад. Дар муассисаву донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Париж, Кобул, Ҳирот, Нанганҳор, Бостон, Сиэтл, Огая, Ню-Йорк, Вашингтон лексияҳо хондааст.

Дар риштаи шеър низ нерӯ озмуда, муаллифи ду маҷмӯаи шеърӣ мебошад. Абдуллоҳи Раҳнамо аз соли 2014 узви одӣ ва аз 23 декабри соли равон узви Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад. Ин раёсат аз 17 нафар иборат буда, Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёвари Президент дар умури робита бо ҷомиа ва Маҳмадюсуф Имомзода, вазири маорифи Тоҷикистон аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *