Дар Кӯлоб сардори Боғи ботаникӣ вафот кард

Тилло Бобоев, як аз шахсони барӯманди шаҳри Кӯлоб субҳи 4 март дар синни 77-солагӣ ба иллати фишори баланд аз дунё даргузашт. Номзади илмҳои биологӣ Тилло Бобоев яке аз асосгузорони Боғи ботаникии шаҳри Кӯлоб буд ва то поёни умраш мудири ин боғи нодир буд.

Ба гуфтаи наздиконаш, Тилло Бобоев субҳи 4 март ба иллати фишори баланди хун аз олам чашм пӯшидааст. Ҷанозаи ӯро имрӯз дар Кӯлоб ба хок месупоранд.

Тилло Бобоев яке аз асосгузорони Боғи ботаникии шаҳри Кӯлоб ба шумор меравад. Ин боғ соли 1985 бунёд ёфтааст. Номзади илмҳои биологӣ Тилло Бобоев то поёни умраш мудири Боғи ботаникии Кӯлоб ва ҳамчунин раиси Маркази илмии Академияи илмҳои Тоҷикистон дар вилояти Хатлон буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *