Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Дар Конибодом ва Зафаробод ду говро дуздиданд

Дирӯз, тахминан соати 01:30-дақиқа, шахсони номаълум, бо роҳи пинҳонӣ аз ҳудуди заминҳои ба номи Э.Бойматов, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Пӯлотони шаҳри мазкур 1-сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 9 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Омадааст дар аризаи марди 33-солаи сокини шаҳри Конибодом ба ШВКД дар шаҳри мазкур.

Ҳаноми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 28-солаи сокини шаҳри Конибодом, ки соли 2019 дар Федератсияи Россия бо моддаи 158 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.

Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Инчунин, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 28-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ҳ.Алиеви ноҳияи Зафаробод бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.

Номбурда, 2-юми майи соли 2021, тахминан соати 01:30-дақиқа, аз ҳудуди заминҳои кишти хоҷагии деҳқонии «Искандар», воқеъ дар ҷамоати деҳоти Ҳ.Алиев 1-сар чорвои калони шохдорро, ки ба марди 51-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ҳ.Алиев тааллуқ дорад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 15 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.