Дар марз чӣ мегузарад? Овоза ва ҳақиқати ҳамла ба Хистеварз (Видео)

Пас аз низоъҳои мусаллаҳонаи чаҳоррӯза дар марз, имрӯз, санаи 1 май билохира, миёни ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати Қирғизистон созишнома дар мавриди оташбаси доимӣ ва бозхонди нерӯҳо ба имзо расид. Созишномаи мазкур аз ҷониби Раисони кумитаи амнияти ду кишвар Саймумин Ятимов ва Ташиев имзо шуд.

Пас аз зуҳри имрӯз банда аз шаҳри Душанбе ҷониби вилояти Суғд, дақиқан ҷониби ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Исфара роҳ пеш гирифтам, то аз воқеияте, ки чанд рӯзи охир мегузарад, шуморо огоҳ намоям.

Соати 22-и шаб вақте ба ҷамоати деҳоти Хистеварз расидам, шоҳиди воқеаи аҷиб шудам. Гап дар сари он ки дар ин намашабӣ корвони мошинҳо, села-села ба шаст аз Хистеварз фирор мекарданд. Теъдоди ин мошинҳо аз 200 ҳам зиёд буд.

Чун бо сокинони Хистеварз ҳамсуҳбат шудам ва сабаби фирорашонро пурсидам, гуфтанд, ки қирғизҳо ба деҳаашон ҳамла кардаву онҳо зану кӯдакҳояшонро саросема аз деҳа мекӯчонанд.

Низомиёни мусаллаҳ ҳам он ҷо буданд. Чун воқеиятро аз онҳо пурсидем, шарҳ надода ба мо тавсия карданд, ки аз роҳамон бозгардем ва ба Хуҷанд равем.

Пас аз чанд лаҳзае, ки хабари ҳамла ба Хистеварзро нашр кардем, сокини ин деҳа Ризо Баҳромзод бо мо дар алоқа шуда гуфт:

-Ба Хистеварз ҳамла сурат нагирифтааст, балки кадом нафарони манфиатхоҳ бардуруғ миёни сокинон овоза паҳн кардаанд, ки гӯё қирғизҳо ҳамла карда бошанд. Ин сабаб мешавад, ки мардум ба таҳаллука афтода, занону кӯдаконро аз деҳа мебароранд.

Хамкасби ман Шаҳноз Комилзода, ки дар вақти фирори гурӯҳии сокинон дар Хистеварз қарор дошт, мегӯяд:

-Вақте мо тариқи Хистеварз ҷониби Хуҷанд равона будем, ташвиши сокинонро дидем, онҳо воқеан, сила-сила хонаҳои худро тарк мекарданд. Низомиён ба мо тавсия карданд, ки ба Исфара баргардем.

Чунин овозаҳо ва таҳлукаҳо ҳанӯз ҳам дар деҳаҳои наздимарзӣ идома доранд. Бо вуҷуди он ки халъи силоҳ ва оташбас эълон шудааст, вазъ дар марз ҳасос боқӣ мемонад.

Феълан, санаи 2-юми май фаро расид. Соат аз 1 гузаштаву маркази шаҳри Исфара, ки ман дар ин ҷо қарор дорам, ором аст. Мошинҳо ҳаракат мекунанд, мағозаҳо бозанд ва мардум ҳам дар кӯчаҳо гаштугузор доранд. Мардуми Исфара умедворанд, ки дар наздиктарин фурсат вазъ дар марз ором ва онҳо ба зиндагии маъмулии худ бозмегарданд.

Одил Нозир

Бобоҷон Ғафуров – Исфара

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *