Дар Панҷакент Тағоева бо ришва ба даст афтод

Ҷонишини сардухтури таваллудхонаи шаҳри Панҷакент Ҳилола Тағоева рӯзи 1 майи соли 2018 дар утоқи кориаш дар бинои таваллудхона ҳангоми гирифтани 4500 сомонӣ «мукофотпулӣ бо роҳи тамаъҷӯӣ” дастгир шуд.

Соҳаи тандурустӣ, бахусус беморхонаву таваллудхонаҳо аз фасодзадатарин соҳаҳо дар Тоҷикистон дониста мешавад.

Як манбаъ аз сохторҳои кудратии шаҳри Панҷакент иттилоъ дод, ки муовини сардурхтури таваллудхонаи ин шаҳр Ҳилола Тағоеваро кормандони Шӯъбаи минтақавии Раёсати агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар водии Зарафшон дастгир кардаанд. Ҳилола Тағоева аз як сокини ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан, барои гузаронидани ҷарроҳии ҳамсараш 4,5 ҳазор сомонӣ маблағ тамаъҷӯӣ кардааст.Пас аз шикояти ин шаҳрванд ба кормандони Агентии зиддикоррупсия дар водии Зарафшон, ин масъули таваллудхонаро дастгир карданд. Нисбати Ҳилола Тағоева, бар асоси моддаи 324-и Кодекси ҷиноятии ҶТ, парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида тафтишоти пешакӣ идома дорад. Шикояти сокинон аз тамаъҷӯии кормандони таваллудхонаи шаҳри Панҷакент зиёд буда, онҳо мегӯянд, дар бисёр маврид бо вуҷуди супоридани маблағи муайян ба хазина ва ё бо хоҳиши худашон додани ширинкома ба кормандони таваллудхона, аз онҳо боз «ҳаққи хизмат” талаб мекунанд. Боздошти кормандони таваллудхонаи Панҷакент аввалин бор набуда, 2 сол муқаддам, моҳи феврали соли 2016, дар пайи шикояти чанде аз сокинони шаҳри Панҷакент, ду масъули дар гузашта баландпояи ин таваллудхона — сардухтур ва муовинаш аз тарафи прокуратураи шаҳри Панҷакент боздошт гардида буданд. Прокуратураи шаҳри Панҷакент нисбати сардухтур ва муовинаш парвандаи ҷиноӣ оғоз намуда, ҳамзамон онҳоро аз мансабашон сабукдӯш карда буд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *