Дар Русия Ҷамоллиддинро зада маюб карданд

  Ҷамолиддинро аз ноҳияи Ҷиликӯл аст, ӯ соли 2013 ба муҳоҷират рафт буд, то зиндагии аҳли оилаашонро беҳтар созад, вале дар он ҷо ба доми як зани танноз афтида, пайвандонашро фаромӯш кард. Ин тоҷикбачаи хонабезор дигар на ёди падару модари пири фартути чашминтизорашро мекард, на ҳамсару ду гулписари дилҷӯяш ба хотираш мерасиданд, хушаш намеомад, ки ақаллан як бор ба хона занг занад ё чор сум пул фиристад. Модари бечорааш аз ғами фарзанд бемор шуда ба бистар афтид. Ҷонаш ба лабаш расида бошад ҳам, кампираки афгор ғами худро нахӯрда танҳо Ҷамолиддин мегуфт. Ба писари модарбезор чанд бор телеграмма фиристода, таъкид карданд, ки модараш дар дами марг қарор дорад. Наомад беинсоф ва ҳатто занг зада напурсид, ки ба модараш чӣ шудааст. Ҳамин тавр кампири бечора дар ҳасрати дидори рӯйи писар сӯхта-сӯхта, оқибат бо дили  хунбору пурормон ва чашмони кушода, ки роҳи Ҷамолиддинро мепоиданд, аз олами бевафо гузашт.

   Вақте Ҷамолиддини пушаймонгашта бо тани бемор ба Ватан баргашт, аллакай соли модарро дода буданд. Падару бародаронаш гапҳои сахт гуфта ӯро маломат намуданд, ки боиси марги модар гашт ва насиҳат карданд, ки дигар зани вафодору писаронашонро бесоҳиб монда наравад, вале «дили омӯхта балои ҷон»  гуфтагӣ барин, як моҳ пас вай боз азми сафари Русия намуд. Падар ин бор оҳи сард кашида гуфт: «Дилат, ки ин қадар ба ҳамон кишвари бегона кашол бошад, зану бачаҳоятро ҳамроҳат гирифта бар, то дар ин ҷо азоб накашанд!» Ҷамолиддин иқрор шуд, ки дар Русия зан дорад ва аллакай аз вай бачадор ҳам шудааст. «Нигоҳубини келину набераҳоятон ба шумо душворӣ мекарда бошад, ҷавоби занамро медиҳам» гуфтани вай ғазаби падарро овард. Ҷони мӯйсафед аз ин суханони аблаҳонаи писар ба лабаш расида, дар умраш бори аввал ба сари кенҷатойи эркааш даст бардошт.  Бачаи эрка аз як шаппотии падар сахт ранҷида бору бандашро бардошту бе дуои нек озими Русия гашт, вале…

     Беҳуда дар урфият «падар ризо-худо ризо»  нагуфтаанд, бачаи дилозор ба маконаш нарасид. Ҳамсари русаш чанд рӯз пас ба хонаи онҳо занг зада бо изтироб пурсид, ки чаро Ҷамолиддин ба Русия бар намегардад. Бечора падар боз ба изтироб афтида аз пайи ҷустуҷӯйи писар шуд, аммо  ҳарчанд ҷустанд аз ӯ ному нишон наёфтанд. Касе на аз мурданаш хабар дорад на аз зинда будани Ҷамолиддин дарак медиҳад.

Дили падару модарро озор надиҳед. Зеро аз дилозор худо безор гуфтаанд…

Шаҳлои Наҷмиддин

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *