Дар Русия меваҳои аз Тоҷикистон воридшударо нобуд карданд

Дар фурудгоҳи “Внуково”-и Маскав кормандони Назорат бар маҳсулоти кишовазии ин кишвар аз вуруди зардолуи олудаи ҳашарот ҷилавгирӣ карданд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ин ташкилот дар шаҳри Маскав ва вилояти Маскав, ин зардолу дар бағоҷи мусофири тоҷикистонӣ кашф ва мусодира шудааст.

Назорат бар маҳсулоти кишовазии Русия гуфтааст, ки феълан вуруди зардолуи тару тоза аз Тоҷикистон ба ин кишвар маҳдуд гардидааст.

Ҳамчунин, рӯзи 20 июн дар фурудгоҳи Қазони Русия аз бағоҷи мусофир, ки аз Хуҷанд ба Қазон омадааст, ба миқдори 8 килограмм гелос кашф ва мусодира шудааст.

Аз мусофири дигари ин хатти сайр 3 килограмм творог мусодира гардидааст.

Мева ва маҳсулоти ширии мусодирашуда дар печи фурудгоҳи Қазон сӯхта нобуд шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *