Дар садамаи “Бохтар-Данғара” чор нафар ба ҳалокат расиданд

Садамаи маргбори нақлиётӣ дар роҳи «Бохтар-Данғара» чор нафарро кушт

Дар километри 44 -уми шоҳроҳи «Бохтар — Данғара» мошини «Опел-Астра» ба автомашинаи «Мерседес-Бенс» бархӯрдааст, ки дар натиҷа чаҳор нафар фавтидаанд, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.

Бино ба  хабари манбаъ, ин ҳодиса нисфирӯзи 24 октябр рух дод ва шахсияти яке аз ҳалокшудагон то ҳол номаълум аст.

Манбаъ асли ин ҳодисаи мудҳишро чунин шарҳ дод, ки ронандаи 31 -солаи автомашинаи «Опел-аАтра», сокини деҳаи Лағмони шаҳри Кӯлоб дар қитъаи зикргардидаи роҳ ба мошини «Мерседем-Бенс», таҳти идораи сокини 27 -солаи ноҳияи Кӯшониён бархӯрдааст.

Дар натиҷа, ронандаи мошини аввалӣ ва бародари ӯ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд. Ҳамзамон мусофири дигари ин автомашина низ фавтидааст, вале феълан шахсияти ӯ маълум нашудааст.

КҲФ мегӯяд, имдодгарони вилояти Хатлон расо пас аз 13 дақиқаи сар задани садама ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд ва ҷасади мусофири автомашинаи «Мерседес-Бенс» — ро аз дохили мошин бароварда ба мақомоти дахлдор супориданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *