Дар Самарқанд як мард худро Худову «Фариштаи наҷот» муаррифӣ кард

Дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон як мард худро Худо ва “Фариштаи наҷот»-и охирузамон муаррифи намуда, иддао дорад, ки ӯ ба Замин барои нобуд сохтани каронавирус омадааст, хабар медиҳанд корбарони “Podrobno.uz” ва “odrobno.uz”.

Гуфта мешавад, ки ин мард чанд рӯз қабл дар сомонаҳои иҷтимои пайдо шуда, худро Паёмбару фаришта муаррифи намуда, даъво мукунад, ки маҳз ӯ каронавирусро аз руи Замин пок карда метавонаду бас. Инчунин мард дар навор мефзояд, ки ӯ бояд барои иҷрои рисолати худ ба ватани коронавирус — Хитой сафар кунад.

Тибқи иттилои Раёсати корҳои дохилии вилояти Самарқанд, ин нафар шаҳрванди Ӯзбакистон Х.У., соли 1962 буда, дар вилояти Самарқанд таваллуд шудааст. Сабаби даст ба чунин амали бемантиқ задани ӯро мақомод дар Афғонистон хизмат кардану ба сактаи мағзи гирифтор шуданаш унвон мекунад

Дар ҳоли ҳозир мутахассисони Диспансери рӯҳии вилояти Самарқанд вазъи саломатии равонии ин мардро таҳқиқ мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *