Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Дар Самарқанд хусур фармони қатли домодро дод

Дар Самарқанд бо «фармоиш»-и хусур марде, ки, гуфта мешавад, майнушиву «беҷогардӣ» мекард, кушта шуд.

Дар ин бора нашрияи «Ҳуқуқ» бо такя ба муфаттиши калони додситонии Самарқанд Б. Холматов хабар медиҳад.

Ба гуфтаи вай, марди бадмаст ҳамсарашро мудовим дар ҳузури фарзандон лату кӯб мекардааст. Барои ҷазо додани домод, хусур ду қотилро бар ивази 480 доллар киро мекунад. Қотилон марди бадмастро, ки дар ҳолати мастӣ ба хонааш бармегашт, бо табар куштаанд.

Ин ҷиноят дар фурсати кутоҳтарин кушода шудааст. Хусур, ки фармони қатли домодашро дода буд, 12 зиндонӣ шуд. Қотилон бошанд, мутаносибан 17 ва 18 сол зиндонӣ гардидаанд.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.