Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Дар Сарбанд ҷавони 18 -сола худашро оташ зад

Субҳи имрӯз ба хабарнигори сомонаи “Tajikistantimes.com  як сокини шаҳри Сарбанд занг зада, худро Акбар муаррифӣ намуд ва хабар дод, ки Исмат ном ҷавони 18- сола пас аз ҷангу ҷанҷоли оилавӣ худро дар пеши чашми аҳли хонаводаашон оташ задааст. Модараш кӯшиши наҷот додани Исматро намуда, худ низ оташ гирифтааст. Ин ҷавони 18- сола  ва модари зарардидаашро бо ҷароҳатҳои зиёд ба бемористон бурдаанд. Табибон модарро наҷот додаанд, вале ҳоли Исматро бисёр вазнин арзёбӣ намуда, мегӯянд ба гумон аст, ки зинда монад. Акбар, ки дӯсти наздики ин хонавода будааст, мегӯяд Исмат бо як ҷавонзани аз худаш калон муносибати наздик дошт ва аз ӯ ҳатто як фарзанд низ дорад. Бародараш аз рӯйи ҳамин зан Исмат зери мушту лагад гирифтааст, зеро чанд рӯз пеш ҷавонзан аз рӯйи ӯ ба мақомот шикоят карда будааст. Ҳамин моҷарои кӯчак боиси он гаштааст, ки ҷавон ҳамчун рамзи эътироз ба аҳли хонадон ва зани дӯстдоштааш дар пеши назари пайвандонаш худро оташ занад.

Дар охири суҳбат Акбар афсӯс хӯрда гуфт: “Исматро беш аз як сол боз мешиносам. Ӯ ҳамроҳи мо дар тарабхонаи “RS” кор мекард. Бачаи хуб, меҳнатӣ ва оромтабиат буд. Ҳеҷ гумон надоштам, ки ягон рӯз ҳамин бачаи боақл даст ба худсӯзӣ мезанад…”

Рустам Азимӣ

 

-->

Шарҳ

10 шарҳ вуҷуд дорад
  1. Хазрат 26.09.2016 16:15

    И чи гапай. Харуз одаммури, одамкуши, одамхури и чомеа бесохиб аст. чаро мардуми мо аклашонро инкадар хурдааанд. Кур шудаанд, ки Худоро намешносанд. Сустимонии мо точико ба хар су мебарад, каме Худошинос шавед, мардум…

  2. Сохибмулк 26.09.2016 16:16

    Хай чи кор кунем. Панч панча баробар нест, чаноби Хазраткул. Аз чонашорн ки сер шудаанд мекушандия

  3. Харамгулхон 26.09.2016 16:17

    хамихел рафтан гирад, дар ду соли охир чомеаи мо аз одам кам мегардад. Кофири кофир даст ба худкуши намезанад, гарчанд худо надорад вале мо точикои мусулмона чи шуд. Чашми душман расид,магар ки харуз дар оилахои точик хушкуши, одамкуши сар мезанад

  4. Савол 26.09.2016 16:18

    агар ходисаи ба сари Диловар ба сари фарзанди ту биёяд чи кор мекуни Харамгул?

  5. Харамгул 26.09.2016 16:19

    мушт ба руяш намезанаму дардашро аз тахи дид модарона мепурсам, хаминки сирашро ошкор кард, зуд аз пайи чораандеши мешавам. На ба мисли дигар падару модарон мурдакубаш наумда ба чони писар чабри зиёд расонам.

  6. Точикбачаи Иркутски 26.09.2016 16:20

    ана инро модар мегуянд… Агар хама модарон мисли шумол ботафаккуур мебудан кор ба ин чода намерасид ва тарбия аз байн намерафт

  7. Мухлиси Харамгул 27.09.2016 13:27

    Апи Харамгул да сомонахо фаъолед, магар руз то шав чашм аз сайто намеканед чи, баъд ягон руз пенсатон мия ки кампир шиден…..

  8. амрохон 27.09.2016 19:26

    Суикасд ба чони худ ин заифи шахсиятро нишон медихад. О дар и зиндаги чи рузхои сахте бар сари инсонхо меояд . о и мардум аз худо наметарсанд ки худро оташ мезананд. Худкуши дар ислом харом аст яъне касе худро мекушад харом мемурад уро бояд чаноза накунад .. Ва дуюм ин ки ин чавон аз акл берун шудааст акли уро хамун зан бурдааст ошик шудаст бачаи бечора … О чашмота калон кушо чи гуна духтарони зебо дар гирду атрофат мондаги у бошад барои зан шуда ба чунин гунох даст задааст … О бар падари ин ишк наълат ки чанди чавононро аз байн бурд. Гумрох нашавед !!! Хаёли ин чавон ки ин зан барои у зик мешавад уже мумкин аз паси бойфренди наваш шуда бошад он зан. Э бача хами дхтар лав задагияй ягон муъмину мусулмонша бков мегарди дига ай паси як зан худкуши карда

  9. Русиябача 28.09.2016 09:51

    чигари гапа гуфтии акаи амрохон

  10. MisTeR-ALONE (Бзан Бра Бра Бзан) 29.09.2016 16:19

    Э хабар дорен модаршам гузаштас да хами сайт хондм блин ин хонаводада чи шид? мужик хайф кад хдша…

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.