Дар “Шарқи озод” журналистро латукӯб карданд

Дар саҳни Комплекси табъу нашри “Шарқи озод” журналисти Медиа-холдинги “Оила” аз тарафи шахси номаълум мавриди ҳамла ва латукӯб қарор гирифт. Кормандони мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе, ки фавран ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд, қазияи мазкурро баррасӣ мекунанд.

Ҳодиса, пас аз зӯҳр, соати 13:00 дар саҳни Комплекси табъу нашри “Шарқи Озод”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, ки аксари расонаҳои кишвар дар он мустақаранд, ба вуқуъ пайваст. Т.А. (бо мақсади халал нарасонидан ба рафти тафтишот ному насаби ҷабрдида ифшо намешавад – ред.) дар саҳни ҳавлӣ гуштугузор мекард. Шахси номаълуме аз пушти сари ӯ зарба мезанад. Бар асари зарбаҳои ҳамлагар Т.А. осеби ҷисмонӣ мебинад, оринҷҳои дастаонаш ва биниаш хуншор мешаванд ва дар ҳолати ниммадҳушӣ қарор мегирад. Шахси номаълум пас аз ин, телефони афтодаи Т.А.-ро гирифта аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад.

Ёдовар мешавем, ки аксари нашрияҳои кишвар дар Комплекси табъу нашри “Шарқи Озод”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон қарор доранд ва ин биноро муҳофизон посбонӣ мекунанд. Ҳамчунин, дар гирду атрофи ин бино камераҳои назоратӣ насб шудааст. Вале чӣ гуна ин ҳодиса аз назари онҳо пинҳон монд, норавшан аст.

Феълан, кормандони милитсияи шаҳри Душанбе, ки фавран ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд, қазияи мазкурро тафтиш мекунанд.

Пас аз анҷоми тафтишот тафсилоти ҳодиса нашр мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!
  1. Pingback: На репортера медиа-холдинга «Оила» совершено нападение — Payom.Net Русский

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *