Дар шинохти ҷасад ба ВКД кумак кунед!

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз сокинон хостааст, то дар маълум кардани шахсияти як марди тахминан 55-60-сола кумак кунанд. Ҷасади ин мардро шаби 6 январ аз шоҳроҳи Ваҳдат – Душанбе пайдо кардаанд. Бовар меравад, ки ӯро кушта бошанд. Касе ин мардро мешиносад, бо рақамҳои (83136) 2-31-22, 93-922 02-20 ба шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат занг занад.

6-уми январи соли 2018, тахминан 02:20-дақиқа, аз шоҳроҳи «Ваҳдат-Душанбе» ҷасади марди шахсияташ номаълум, тахминан 55-60-сола, бе аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт карда шуд.

Нишонаҳояш: дар танаш куртаи сафед, жемпери сиёҳтоб, ҷомаи сиёҳ, шими варзишии сиёҳ, дар пояш пойафзоли рангаш сиёҳ, қадаш 1,70 см, мӯи сараш кӯтоҳи сафед, риш ва мӯйлаби сафед дошта, чашмонаш сиёҳ мебошанд.

Бо назардошти ин, аз шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ҷиҳати муайян намудани шахсияти ҷасади мазкур бо мақомоти корҳои дохилӣ ҳамкорӣ намуда, агар маълумоте дошта бошед, ба қисми навбатдории ШВКД дар шаҳри Ваҳдат бо рақамҳои (83136) 2-31-22, 93-922 02-20 занг занед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *