Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Дар соҳибкорӣ диплом муҳим аст?

Абдулвосид… дастпарвари мактаби “Само”-и Саидмурод Давлатов, аст. Ӯ соли  2015 даст ба соҳибкорӣ зад ва имрӯз як бизнесмени муваффақ мебошад. Суҳбат бо ӯ дар осоишгоҳи “Шоҳамбарӣ”, дар рафти баргузории тренинги Саидмурод Давлатов баргузор гашт.

— Биёед, суҳбатамонро аз саволи маъмулӣ оғоз мекунем: чӣ гуна ба бизнес омадед?

Баъд аз мактаби миёнаро хатм кардан ҳуҷҷатҳоямро ба факултети дорусозии Донишгоҳи тиббӣ супурдам ва сазовори номи донишҷӯ шудам. Дар баробари донишҷӯӣ кор мекардам. Аз сабаби дар дарсҳо  кам иштирок кардан маро аз донишгоҳ хориҷ карданд. Худро ба тиҷорат задам. Баъдан баргаштам ба мизу курсии донишҷӯӣ ва хушбахтона, мактаби олиро хатм намудам.

— Шумо як ҷавони бетаҷриба, бе диплом чӣ гуна тавонистед то ин ҳад муваффақ шавед?

— Ман шогирди мактаби “Само”шудам, ки ба он устод Саидмурод Давлатов роҳбарӣ мекард. О кас як гапи хуб доранд: Барои тоҷир шудан диплом доштан муҳим нест, балки худбоварӣ, истеъдод, фаҳмиши тиҷорӣ ва наҳаросида, риск кардан муҳим аст.  Аз ин мард аз болои худ кор карданро омӯхтам. “Бизнес это без нас”,  яъне тиҷорат ба омилҳои шахсӣ набояд иртибот нагирад, система дошта бошад. Устод дар тиҷорат, махсус дар масъалаи кадр ба мо бисёр ёрӣ додаанд.

— Дар Тоҷикистон магар  кадр пайдо кардан душвор аст?

— Бале, дар мо кадри болаёқатро ёфтан мушкил аст. Дар ҷойи лозима кадри лозима нест. Чунки ба ин масъала касе диққат намекунад.

— Дар фаҳмиши шумо биснес чист?

— Бизнес кардан маънои як чизро аз як ҷо оварда дар ҷои дигар фурӯхтанро надорад, балки ҷойҳои корӣ сохтан, ба маҳсулоти ватанӣ таъмин кардани мардум ва ташкили ҷойҳои корӣ аст. Хубии истеҳсолот дар он аст, ки ба ҷуз нону ном ёфтан боз чандин ҷойҳои корӣ таъсис медиҳӣ, ки барои мардуми мо ин аҳамияти хеле калон дорад.

— Ду чизи муҳим барои тоҷир чист?

— Вақт ва пул. Ҳар қадар ки тоҷир вақташро дурусту самаранок истифода барад, ҳамон қадар пулдор мешавад.

Дар тиҷорат ҳадафи ниҳоӣ чист?

— Ҳадафи ман давоми 10 сол сохтани як ширкатест, ки қудрати зиёда аз 5 ҳазор нафарро ба кор таъмин карданро дошта бошад ва истеҳсолоти он дар тамоми Осиёи Марказӣ харидор пайдо кунад.

— Пеш аз нуқтаи охир чӣ мегӯед?

— Ба тоҷирон гуфтаниям, ки ба тиҷорате машғул шаванд, ки ҳатман он  ҷойҳои корӣ таъсис диҳад ва як гӯшаи Ватанро обод кунанд.

Мусоҳиб

Ҳ. ТОҲИРӢ

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.